Связаться с нами: +992 783-99-88-77
    ГлавнаяНовостиАрхив новостейПресс-релиз 24.02.2020

Пресс-релиз 24.02.2020

24.02.2020

Боғу токпарварӣ яке аз соҳаҳои муҳими кишоварзӣ
дар таъмини аҳолӣ бо ғизои зарурӣ аст.
Иқлими Тоҷикистон барои парвариши боғҳои
мевадиҳанда мусоид буда, манбаи меваҷоти болаззат,
ашёи хом барои саноати кишвар ва содирот мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Бунёди боғу токзор

Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 2913 га бунёди боғу токзорҳои нав пешбинӣ гардида, то санаи 21.02.2020 424,1 га боғу токзори нав дар заминҳои талу теппаҳои бо намӣ таъмин бунёд карда шуд, ки 14,6%-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.

Соли ҷорӣ кишоварзони вилояти Хатлон 1126 га бунёди боғу токзори навро ба нақша гирифта, то санаи 21.02.2020 316,6 га ё 28,1%, вилояти Суғд 255 га ба нақша гирифта 99 га ё 38,8% ва НТҶ бошад 1456 гектарро ба нақша гирифта 8,5 га ё 0,6% боғу токзори нав бунёд кардаанд, ки дар ҷумҳурӣ 14,6%-и иҷрои дурнаморо ташкил медиҳад.

Маъракаи кишти зироатҳои кишоварзӣ

Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 13132 га кишти баҳории зироатҳои ғалладонагиҳоро гузорониданд, ки 12%-и иҷроиши дурнаморо ташкил дод. То санаи 21.02.2020 дар ҷумҳурӣ майдони 5555 га кишти картошка гузаронида шудааст, ки 87%-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад. Инчунин дар майдони 16428 га сабзавот кишт карда шудааст, ки 107%- иҷроиши нақшаро дар бар гирифта, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 916 га зиёд мебошад.

Аз майдони умумии кишти сабзавот, ки 16428 гектарро ташкил медод 12566 га (108%) кишти пиёзи барвақтӣ, 2029 га (119%) сабзии барвақтӣ, 806 га (78%) карами барвақтӣ ва майдони 1028,4 гектарро кишти дигар намуди сабзавотҳо ташкил медиҳанд, ки 98%-и иҷрои дурнаморо ташкил медиҳад.

Рафти шудгори заминҳои кишоварзӣ

Мувофиқи маълумотҳои фаврӣ имсол дурнамои шудгори заминҳо дар ҷумҳурӣ майдони 609645 гектарро ташкил дода, то санаи 21.02.2020 майдони 557809 га шудгор гузаронида шудааст, ки 91%-и иҷроиши дурнамо мебошад.

Кишоварзони ҷумҳурӣ аз рўзҳои мусоид самаранок истифода намуда, шудгори заминҳоро вусъат бахшида истодаанд. Дурнамои шудгори заминҳо дар вилояти Хатлон майдони 307945 гектарро ташкил дода, иҷроиш 297879 га (97%), вилояти Суғд 207339 га иҷроиш 185420 га (89%), ВМКБ 7082 га иҷроиш 3860 га (55%) ва дурнамои шудгори заминҳо дар НТҶ 87279 гектарро ташкил дода, 70650 га шудгор карда шудааст, ки 81%-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.

Дар ин маъракаи муҳим 21048 адад тракторҳои гуногунтамға омодаи кор буда, 6070 адади он ба корҳои саҳроӣ сафарбар карда шудааст.

Корҳои тозаву ободгардонӣ дар Вазорати кишоварзӣ

Бо мақсади боз ҳам ободу зебо ва сарсабзу хурам гардонидани як гўшаи шаҳри азизамон Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурўъ аз оғози соли ҷорӣ ҳар рўзҳои шанбе корҳои тозагиву ободгардониро дар ҳудуд ва дохили бино вусъат бахшида истодааст.

Дар ин чорабинии оммавӣ кулли кормандони дастгоҳи марказии вазорат иштироки фаъолона намуда, дар ободу зебо гардонидани атрофи бино ва инчунин утоқҳои корӣ пайваста саҳм гузошта истодаанд.

Кормандон гирду атроф ва боғи назди биноро аз алафҳои бегона зери дарахтон ва гулҳои гуногуни ороиширо нарм менамоянд. Инчунин каналу роҳравҳоро аз партовҳо тоза намуда, ҷойҳои фарсударо давра ба давра таъмир намуда кушиш доранд, ки то ҷашни Наврўзи байналмиллалӣ як гўшаи зебову диданиро омода намоянд.

Ин иқдом дар кулли корхонаҳои зертобеи вазорат амалӣ гардида, аз натиҷааш ба дастгоҳи марказӣ пайваста маълумот пешниҳод мегардад.

Ҳадаф аз гузаронидани чунин шанбегиҳо ин боз ҳам ободу зебо гардонидани ватани азизу маҳбубамон мебошад.

Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзӣ тел: 235-38-53