Связаться с нами: +992 783-99-88-77
    ГлавнаяНовостиАрхив новостейЧорабинии тантанавӣ ба ифтихори 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷиикистон

Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷиикистон

21.02.2020

Воқеоту таҳаввулоти ҷаҳони муосир ҳар яки моро ҳушдор медиҳад,
то зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандўстӣ,
худогоҳиву худшиносӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани
арзишҳои Истиқлолияти давлатиро сармашқи кори хеш созем.

Эмомалӣ Раҳмон.

Бахшида ба 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21.02.2020 дар маҷлисгоҳи вазорат чорабинии идона доир гардид. Дар чорабини кулли кормандони дастгоҳи марказии вазорат бо як рўҳияи идона ва табъи болида иштирок варзиданд.

Нахуст роҳбарият тамоми кормандони вазоратро бахшида ба 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, Артиши миллиро барои Тоҷикистони соҳибистиқлол бахши ниҳоят муҳими давлатдорӣ ва асоси пойдории сулҳу суббот маънидод намуданд.

Хоса қайд намуданд, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити хеле вазнин таъсис ёфтааст. Сарфи назар аз мушкилоти зиёд ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳ роҳи пурпечутоберо тай карда, дар даврони соҳибистиқлолӣ марҳила ба марҳила қавитар гардида, бо дастгириҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо техникаву таҷҳизоти замони муосир таъмин шуд.

Имрӯз тамоми шароити арзанда дар ин самт муҳайё буда, ҷавонони аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта, зираку чолок, ватандӯсту меҳанпараст, худшиносу худогоҳ сарбаландона адои хизмат  менамоянд.

Дар рафти ҷаласа якқатор бонувони вазорат: муовини Сардори Раёсати кадри ва таъминоти ҳуқуқӣ Усмонова Ҳабиба, Сармутахассиси шуъбаи матбуот ва иттилоот Зокирова Майрам ва мутахассиси пешбари раёсати растанипарварӣ Идимоҳи Назрулло, оид ба худшиносиву худогоҳӣ, ватандўстиву ватанпарварӣ, сулҳу оромии ин диёри биҳиштосо ва нақши Қувваҳои мусаллаҳ дар сулҳу суботи кишвар» маърўзаҳо пурмўҳтаво намуда, базмороию шеърхониҳои бонувон боз ба чорабини ҳусну таровати тоза зам намуд.

Сипас филми мустанад, ки ифодагари таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар гирифта буд аз ҷониби шуъбаи матбуот ва иттилоот пешкаши тамошобинон карда шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ роҳбарият ин рўзи фараҳбахшро ба кулли мардуми шарафманди кишвар табрик гуфта, барояшон тансиҳативу хонаободӣ, саодату пирўзмандӣ, рўзгори пурфайзу бобаракат ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлоламон субботу оромии ҷовидона таманно намуданд.

Шуъбаи матбуот ва иттилоот.
тел: 235-39-23, 235-38-63
Сомона: www.moa.tj.