Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоГузориши матбуотӣ ба санаи 04.08.2023

Гузориши матбуотӣ ба санаи 04.08.2023

07.08.2023 1 159

Кишти зироатҳо дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ

      Бо мақсади таъмини бозорҳои истеъмолии кишвар бо маҳсулоти озуқаворӣ мувофиқи маълумоти оморӣ (4- кишоварз- пешакӣ) дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ кишти зироатҳои  кишоварзӣ дар 861466 гектар, аз он ғалладонагӣ дар майдони 392333 гектар, зироатҳои техникӣ 202653 гектар, картошка 58566 гектар, сабзавот 73286 гектар, полизӣ 22593 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво дар майдони 111986 гектар гузаронида шудааст. 

Рафти ҷамъоварии ғалладонагиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 04.08.2023 дар майдони 306655 гектар кишти ғалладонагиҳо, аз он гандум 211858 гектар гузаронида шудааст.

Ғалладонагиҳо ба майдони 255021 гектар даравида, ҳосилнокӣ 30,4 сентнер, аз он гандум 196831 гектар даравида, ҳосилнокӣ 34.0 сентнерро ташкил медиҳад.

 

Рафти ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 04.08.2023 дар майдони 33523  гектар картошка кишт карда шудааст. Майдони ҷамъоваришуда 11119 гектар буда, ҳосилнокии миёна 185 сентнерро ташкил медиҳад.

 

Рафти ҷамъоварии сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ ҷумҳурӣ ба ҳолати 04.08.2023 дар майдони 41238 гектар сабзавот кишт карда шудааст.

Майдони ҷамъоваришуда 28812 гектарбуда, ҳосили умумӣ 884932 тонна ва ҳосилнокӣ 307 сентнерро ташкил медиҳад. Аз он пиёз 457047 тонна, карам 39705 тонна, помидор 140573 тонна, бодаринг 94429 тонна, сабзӣ90215тоннавадигар сабзавотҳо 65963тонна мебошад.

 

Рафти ҷамъоварии полизиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 04.08.2023 дар майдони 19513 гектар полизӣ кишт карда шудааст. Майдони ҷамъоваришуда 12953 гектар буда, ҳосилнокӣ 283 сентнер ва ҳосили умумӣ 366988 тоннаро ташкил медиҳад.


Рафти ҷамъоварии мевагиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Ба ҳолати 04.08.2023 мевагиҳо иҷамъоваришуда 175385 тоннаро ташкил медиҳад. Ангур 2787 тонна мебошад.

Рафти кишти такрорӣ  дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ тибқи дурнамо дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 184832 гектар кишти такрории зироатҳо гузаронида шавад.

Ба ҳолати 04.08.2023 дар майдони 187774 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки аз он дар ВМКБ 31 гектар, вилоятҳои Суғд 35965 гектар ва Хатлон 128035 гектар ва дар НТҶ 23743 гектар мебошад.

Рафти ҷамъоварии хӯроки чорво  дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати чорводории вазорат дар ҷумҳурӣ дар соли 2023 тибқи дурнамо 2295760 тонна хӯроки дурушт ва 103222 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шавад.

Баҳолати 04.08.2023 хӯроки дурушт 1525219 тонна ва хӯроки ширадор 11686 тонна ҷамъоварӣ карда шудааст.

Воридот ва вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ.

Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.07.2023 ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1183 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 572 адад, комбайи ғалладаравӣ 11 адад, мошини шолишинонӣ 2 адад, ядакҳои тракторӣ 21адад, испори тракторӣ 118 адад, тойбанду тагрезчин 50 адад, дорупошак 1адад, картошкашинонак 20 адад, алафдаравак 11 адад, тухмипошаки пахта 15 адад, гандумкубак 12 адад, трактори хурди дастӣ (мотоблок) 60 адад, дости тракторҳои хурди дастӣ 98 адад, дискмола 1 адад, техникаҳои ёрирасони соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла, экскватор 131 адад, боркунак 50 адад ва техникаҳои роҳсозӣ 10 ададро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.07.2023 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 28926 адад техникаҳои гуногунтамға мавҷуд буда, 76%-и он омодаи кор мебошад. Тракторҳо 27623 адад, аз он 1529 адад тракторҳои шудгоркунанда, 5855 адад байни қаторӣ, 20073 адад нақлиётӣ, 1118 адад комбайни ғалладарав, 136 адад комбайнҳои хӯроки чорвоғундор, 16 адад комбайнҳои ҷуворимаккағундор, мошинолотҳо 28476 ададбуда, азон 10658 адад испорҳои тракторӣ, 8535 адад ядакҳои тракторӣ, 3504 адад култиваторҳо, 2424 адад тухмипошакҳо аз он: 1969 адад тухмипошакҳои пахта, 1558 адад достҳои тракторӣ, 861 адад тойбанду тагрезчин, 501 адад картошкаканакҳо, 217 адад картошкашинонакҳо, 33 адад мошини пахтачинӣ ва 338 адад алафҷамъкунакҳо ташкил медиҳанд.


Маркази  матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзии ҶумҳурииТоҷикистон

Тел: 2-35-39-23