Таҷлили Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
06.09.2023 688
Санаи 4 сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 32 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он муовинони вазир, кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаву ташкилотҳои зертобеи вазорат иштирок намуданд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ба ифтихори ин ҷашни муқаддаси миллӣ, ки дастоварди муҳимтарини миллати тоҷик маҳсуб меёбад, ҳамагонро табрику таҳният намуданд. Дар суханронӣ зикр гардид, ки бо меҳнати содиқонаву роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ватани маҳбуби мо Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ пойдор мебошад. Инчунин қайд карда шуд, ки бо дастгириву ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи кишоварзӣ ба маротиб рушд ёфта истодааст ва барои амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ кишоварзон саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд.
Дар фарҷом кормандон аз ҷониби Вазири кишоварзӣ муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Сипоснома қадршиносӣ гардиданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон