Связаться с нами: +992 783-99-88-77
    ГлавнаяНовостиСупоридани мукофотҳои давлатӣ ба кормандони соҳаи кишоварзӣ

Супоридани мукофотҳои давлатӣ ба кормандони соҳаи кишоварзӣ

06.09.2023 570

Санаи 4 сентябр дар Вазорати кишоварзӣ бо иштироки Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон ва Вазири кишоварзӣ муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ба кормандони соҳа, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд ва аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардида буданд, супорида шуд.
Вазири кишоварзӣ муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ҳозиринро ба муносибати 32-юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои сарфароз гардидан ба мукофотҳои давлатӣ кормандони соҳаро муборакбод намуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон низ иштирокдоронро ба муносибати ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, аз таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи кишоварзӣ ҳарф заданд. Зикр гардид, ки дар арафаи ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонидани кормандони соҳаи кишоварзӣ аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи кишоварзӣ дарак медиҳад.
Аз ҷониби Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон ва Вазири кишоварзӣ муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ба мукофотҳои давлатӣ ва Ифтихорномаҳои вазорат супорида шуд.
Дар фарҷом Вазири кишоварзӣ муҳтарам Ҳакимзода Қурбон аз номи кулли кишоварзон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғамхориву дастгириҳои ҳамешагӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон