Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБоздиди Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар Боғи Куруши Кабир

Боздиди Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар Боғи Куруши Кабир

12.09.2023 477

Санаи 12 сентябри соли равон Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон аз намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумии ноҳияҳи Нуробод дидан намуданд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамарӯза оғоз аз санаи 9 сентябр дар ҳамаи боғҳои фарҳангиву фароғатӣ Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ аз ҷониби вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир гардида истодааст.
Ба сокинон ва меҳмонони пойтахт ҳамарӯза маҳсулоти кишоварзӣ аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, сабзавоту полизӣ, лубиёгиҳо, меваи хушку тар, гушти гов, гусфанд ва паранда, маҳсулоти ширӣ, орд, раған ва асал пешниҳод карда мешавад.
Маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон