Иштироки Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалӣ дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Санаи 7 сентябри соли 2023 Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарамҲакимзода Қурбон дар Конференсияи байналмилалӣ доир ба масъалаҳои амнияти озуқаворӣ, ки дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок суханронӣ намуданд.
Дар чорабинии мазкур Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳайатҳои баландпояи 43 кишвари дунё, бо шумули 13 вазири кишоварзӣ, роҳбарони аввали ташкилотҳои байналмилалӣ, институтҳои молиявӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва бахши хусусӣ иштирок намуданд.
Зимни суханронӣВазири кишоварзӣ муҳтарам Ҳакимзода Қурбонқайд намуданд, ки амнияти озуқаворӣ ҷузъи муҳими амнияти миллии давлатҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз афзалиятҳои асосии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мебошад, ки он барои ноил гардидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор нигаронида шудааст.
Инчунин масъалаҳои фароҳам овардани шароит барои таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ, беҳтар намудани сифати маҳсулоти ғизоӣ дар сайёра, рушди деҳот, тағйирёбии иқлим, хушксолӣ, истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва пешгирии таназзулёбии таркиби хок афзалият дода шуда, дар баробари ин, маҳдудиятҳое, ки дар замони ҳамагирии пандемияи COVID 19 аз ҷониби кишварҳои сайёра ҷорӣ гардиданд, ёдоварӣ карда шуд. Ҳамзамонмушкилоти норасоии об дар сайёра ба мушкилоти глобалӣ табдил ёфтааст. Бо дарназардошти саноатикунонии босуръат дар олам, масъалаҳои урбанизатсия ва эҳтиёҷоти афзояндаи аҳолии ҷаҳон ба об, сиёсати давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ба ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоиву иқтисодии минтақа нигаронида шудааст. Дар ин самт Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, киаз минбарҳои бонуфузи созмонҳои байналмилалӣ пешниҳодоти мушаххас ироа намуданд, ҳоло аз ҷониби ҷаҳониён ҳамчун ташаббускори ин соҳаи ҳаётан муҳим шинохта шудааст ва аҳамияти масъалаҳои захираҳои обро ба манфиати амнияти озуқаворӣ барои ноил шудан ба рушди устувор дарк намуда, масъалаи обро дар рӯзномаи ҷаҳонӣ фаъолона ва пайваста пеш мебарад.
Инчунин Вазири кишоварзӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёни конференсияро ба ҳалли мушкилоти марбут ба тағйири иқлим ва таҳдиди афзояндаи гармшавии глобалӣ ҷалб намуда, изҳор доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз воқеияти тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он барои амнияти озуқаворӣ хуб воқиф буда, кӯшишҳои худро барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим равона месозад.
Қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ диққати бештар дода, дар робита ба ин, ҷараёни ислоҳотро дар бахши кишоварзӣ бо таваҷҷуҳ ба коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим идома медиҳад.
Маркази матбуот ва иттилооти