Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазирони кишоварзӣ ва роҳбарони ташкилотҳои байналмилалӣ шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Санаи 7 сентябри соли ҷорӣ дар ҳошияи Конференсияи байналмилалӣ доир ба масъалаҳои амнияти озуқаворӣ мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Директори генералии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Тсуй Дунюй, Вазири кишоварзӣ ва ҷангалпарварии Ҷумҳурии Туркия Иброҳим Юмаклӣ, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Воитов Азиз Ботирович, Вазири шаҳрдории Давлати Қатар Абдулло-бин Абдулазиз-бин Турки Ал Субае, Муовини вазири кишоварзӣ ва корҳои деҳоти Ҷумҳурии Мардумии ЧинВу Ҳонгюао, Котиби генералии Созмони ҳамкории иқтисодӣ Хусрав Нозирӣ, Директори генералии Созмони исломӣ оид ба амнияти озуқаворӣ Ерлан Байдаулет баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд ибрози назар намуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон