“Намоиши таомҳои миллӣ, идҳои тарбуз, харбуз, каду, себ, ангур ва фестивали Оши палов” баргузор гардид.
Санаи 14 сентябри соли 2023 бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣвобаста ба таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318 “Дар бораи баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023, №24/10-12 дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ”- и шаҳри Душанбе “Намоиши таомҳои миллӣ, идҳои тарбуз, харбуз, каду, себ, ангур ва фестивали Оши палов” бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.
Намоиши таомҳои миллӣ, идҳои тарбуз, харбуз, каду, себ, ангур ва фестивали Оши палов дар баробари идҳои Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии Ватан ва зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба суннатҳои таърихӣ эҳё гардида, мардуми шарафманди тоҷик бо баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ онро бо ифтихор таҷлил менамоянд.
Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, намояндагони баландпояи Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон ва Туркманистон, роҳбарон ва намояндагони вазоратҳо, кумитаҳо, агентиҳо, корпусҳои дипломатӣ, шарикони рушд ва кишоварзони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Вазорати кишоварзӣ, муассисаву ташкилотҳои тобеи он, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар чорабинӣ дастовардҳои соҳавӣ, маҳсулотҳои кишоварзӣ, таъомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, варзишӣ ва дигар унсурҳо, ки хоси ҷашн буд манзури ҳамагон гардониданд.
Ҷашнгоҳ аз ҷониби масъулин бо шиору овезаҳо, манораҳои калонҳаҷм аз тарбуз, харбуз, каду, себ, ангур, манораҳои хурд аз меваҳои гуногун аз қабили нок, себ ва ангур, ҳавозаҳо аз ангур, хаймаҳои таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ зеб дода шуда буд. Инчунин вобаста ба фестивали Оши палов дар ҷашнгоҳ зиёда аз 100 адад дегҳои Оши палов вобаста ба намуд ва минтақа манзури ҳамагон гардонида шуд.
Ҳамзамон дар доираи вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал бо иштироки намояндагони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Туркманистон фестивали таомҳои миллии давлатҳои Осиёи Марказӣ низ баргузор карда шуд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ иштирокчиёни фаъол аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ баҳри болидарӯҳии меҳмонон ва сокинони пойтахт барномаи рангини фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ манзур гардид.
Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон