Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоГузориши матбуотӣ (Пресс-релиз) ба ҳолати 15.09.2023

Гузориши матбуотӣ (Пресс-релиз) ба ҳолати 15.09.2023

21.09.2023 502

Ҷамъоварии ҳосили пахта

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 15.09.2023 дар майдони 175695 гектар кишти пахта гузаронида шуда, аз аввали мавсим 68116 тонна ҷамъоварӣ шудааст.

Ҷамъоварии ҳосили гандум

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 15.09.2023 дар майдони 211858 гектар кишти гандум  гузаронида шуд.

Азон 210770 гектар даравида, 210580 гектар куфта шуда, ҳосилнокӣ 33,4  сентнерро ташкил медиҳад.

Ҷамъоварии сабзавот

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 15.09.2023 дар майдони 41238 гектар сабзавот кишт карда шудааст.

Майдони ҷамъоваришуда 33743 гектарбуда, ҳосили умумӣ 1048651 тонна ва ҳосилнокӣ 311 сентнерро ташкил медиҳад. Аз он пиёз 493811 тонна, карам 40267 тонна, помидор 201547 тонна, бодиринг 111225 тонна, сабзӣ 110019 тонна ва дигар сабзавотҳо 91782 тонна мебошад.

Ҷамъовари картошка

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 15.09.2023 дар майдони 33523 гектар картошка кишт карда шудааст. Майдони ҷамъоваришуда 13586 гектарб уда, ҳосилнокӣ 205  сентнерро ташкил медиҳад.

Ҷамъоварии полизиҳо

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии ҷумҳурӣ ба ҳолати 15.09.2023 дар майдони 19513 гектар полизӣ кишт карда шудааст. Майдони ҷамъоваришуда 17886 гектар буда, ҳосили умумӣ 546294 тонна ва ҳосилнокӣ 305 сентнерро ташкил медиҳад.

Ҷамъоварии мевагиҳо

Ба ҳолати 15.09.2023 мевагиҳои ҷамъоваришуда 255696 тоннаро ташкил медиҳад, ки аз он ангур 25383 тонна мебошад.

                                                  Воридот ва вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ

Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.09.2023 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 28922 адад техникаҳои гуногунтамға мавҷуд буда, 76%-и он омодаи кор мебошад. Тракторҳо 27612 адад, аз он 1523 адад тракторҳои шудгоркунанда, 5855 адад байни қаторӣ, 20234 адад нақлиётӣ, 1126 адад комбайни ғалладарав, 135 адад комбайнҳои  хӯроки чорвоғундор, 16 адад комбайнҳои ҷуворимаккағундор, 33 адад мошини пахтачинӣ, мошинолотҳо 28511 адад  буда, аз он 10678 адад испорҳои тракторӣ, 8533 адад ядакҳои  тракторӣ, 3501 адад култиваторҳо, 2313 адад тухмипошакҳо аз он: 1874 адад тухмипошакҳои пахта, 1556 адад достҳои тракторӣ, 874 адад тойбанду тагрезчин, 501 адад картошкаканакҳо, 217 адад картошкашинонакҳо ва 338 адад алафҷамъкунакҳо ташкил медиҳанд.

Мувофиқи маълумоти фаврӣ дар 8 моҳи соли 2023 баҷумҳурӣ ҳамагӣ 1579 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 657 адад, комбайни ғалладаравӣ 16 адад, мошини шолишинонӣ 2 адад, ядакҳои тракторӣ 43 адад, испори тракторӣ 159 адад, тойбанду тагрезчин 60 адад, дорупошак 3 адад, картошкаканак 15 адад, картошкашинонак 35 адад, алафдаравак 113 адад, тухми пошаки пахта 15 адад, гандумкубак 12 адад, трактори хурди дастӣ (мотоблок) 60 адад, дости тракторҳои хурди дастӣ 98 адад, дискмола 1 адад, техникаҳои ёрирасони соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла, экскватор 157 адад, боркунак 77 адад ва техникаҳои роҳсозӣ 12 ададро ташкил медиҳад.

Маркази  матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзии ҶумҳурииТоҷикистон

Тел: 2-35-39-23