Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоМулоқоти муовини вазири кишоварзӣ бо намояндагони Институти иқтисодии деҳоти Корея

Мулоқоти муовини вазири кишоварзӣ бо намояндагони Институти иқтисодии деҳоти Корея

21.09.2023 564

Санаи 20 сентябри соли равон мулоқоти муовини вазири кишоварзии ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ бо Директор оид ба муносибатҳои байналмилалии Институти иқтисодии деҳоти Корея Ким Чонг Сун баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба рушду имкониятҳои соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Кория ибрози назар намуда, инчунин ҷиҳати амалисозии лоиҳаи татқиқотии якҷояи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Институти иқтисодии деҳоти Корея оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон