Связаться с нами: +992 783-99-88-77
    ГлавнаяНовостиИштироки Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати нахустини вазирони кишоварзии кишварҳои Осиёи Марказӣ – Чин

Иштироки Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати нахустини вазирони кишоварзии кишварҳои Осиёи Марказӣ – Чин

23.09.2023 365

Дар ҳошияи 30-юмин Намоиши байналмилалии маҳсулоти кишоварзии Янлин ва Форуми байналмилалии сатҳи баланд доир ба муҳофизати солимии хок санаи 19 сентябри соли равон машварати нахустини вазирони кишоварзии кишварҳои Осиёи Марказӣ – Чин баргузор гардид, ки дар он Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон дар машварат вазирони кишоварзии Ҷумҳуриҳои Чин, Қирғизистон, Ӯзбекистон, муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Сафири фавқулодда ва мухтори Туркманистон дар Чин иштирок намуданд.
Дар нишасти машваратӣ ҷонибҳо муҳимияти масъалаҳои фароҳам овардани шароит барои таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ дар минтақа, беҳтар намудани сифати маҳсулоти ғизоӣ дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ-Чин, рушди деҳот, пешгирии тағйирёбии иқлим, хушксолӣ, истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва пешгирии вайроншавии таркиби хок, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ муҳокимаронӣ намуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои растанипарварӣ, механиконии кишоварзӣ, гузариш ба кишоварзии сабз, мубориза бар зидди касалиҳои зоонозии сарҳадгузар, кишоварзии рақамӣ, табодули таҷриба ва такмили ихтисоси кормандони комплекси агросаноатӣ, ташкили паркҳои технологии зираоткорӣ, техникаи кишоварзӣ, коркард ва бастубанди маҳсулоти кишоварзӣ ва беҳтар намудани ҳамкориҳои илмӣ андешаҳои худро иброз намуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон