Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоМулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Губернаторони музофоти Янлин

Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Губернаторони музофоти Янлин

23.09.2023 387

Дар доираи баргузории 30-юмин Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти кишоварзии Янлин санаи 19 сентябр мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Губернаторони музофоти Янлин баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пешгирии тағйирёбии иқлим, мутобиқсозии зироатҳо, табодули таҷриба, бунёди боғу гармхона, коркард ва банду басти маҳсулоти кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон