Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоМулоқоти Вазири кишоварзӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур

Мулоқоти Вазири кишоварзӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур

23.09.2023 539

Санаи 23 сентябр дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур мулоқоти Вазири кишоварзӣ муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Дар аснои мулоқот зимни суханронии хеш Вазири кишоварзӣ муҳтарам Ҳакимзода Қурбон оид ба таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, хусусан ҷиҳати омодасозии мутахассисони соҳибтаҷриба дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ҳарф заданд.
Ҳамзамон қайд гардид, ки бо талошу меҳнати содиқонаи устодони ин боргоҳи таълим ҳазорон мутахассисони соҳибтаҷриба донишгоҳро хатм намуда, имрӯз дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ҷумҳурии соҳибистиқлоламон зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият намуда, ҷиҳати рушди ҳамаҷониба ва расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакатамон саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.
Вазири кишоварзӣ муҳтарам Ҳакимзода Қурбон барои устодону донишҷӯён барои саҳм гузоштан ба рушди соҳа, иштироки фаъолонаи ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ дар корҳои ҷамъиятӣ минатдории хешро баён намуда, як қатор устодон ва донишҷӯёнро бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ карданд.
Дар фарҷом Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур Усмон Маҳмадёрзода аз номи кулли устодону донишҷӯён барои таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон