Боздиди муовини якуми вазири кишоварзӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон
24.09.2023 570
Рӯзҳои 23-24 сентябри соли равон муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ва дигар шахсони мутасаддӣ бо мақсади дар маҳал дида баромадани рафти ҷамъоварии пахта, шолӣ, истифодаи самараноки гармхонаҳо, нашъу намои зироатҳо, рафти гузаронидани кишти сабзавоти барвақтӣ ба шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Кушониён, Ҷ.Балхӣ, Дӯстӣ, Ҷайҳун, А.Ҷомӣ ва Ёвон сафари корӣ анҷом доданд.
Мавриди зикр аст, ки тибқи маълумотҳо дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон соли 2023 дар майдони 123251 гектар хоҷагиҳо пахта кишт намудаанд. Тибқи дурнамо бояд 287900 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шавад. Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон чиниш бо маром идома дошта, тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 22 сентябр 93045 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон