Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоГузориши матбуотӣ ба санаи 22.09.2023

Гузориши матбуотӣ ба санаи 22.09.2023

25.09.2023 451

Рафти ҷамъоварии ҳосили пахта дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ
   Тибқи маълумоти Раёсати растанипарварӣ кишоварзони ҷумҳурӣ аз аввали мавсим то санаи 22.09.2023 ба миқдори 111617 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки аз он дар вилояти Суғд 18304 тонна, Хатлон 93045 тонна ва НТҶ 268 тоннаро ташкил дода, ҷамъоварӣ бомаром идома дорад.
Рафти ҷамъоварии ғалладонагиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ
   Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 306655 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шудааст.
   Аз он майдони 291068 гектар даравида шуд, ки ҳосили умумӣ 879152 тоннава ҳосилнокӣ 30,4 сентнерро ташкил медиҳад.
Ҷамъоварии ҳосили гандум
  Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 22.09.2023 дар майдони 211858 гектар кишти гандум  гузаронида шуд. Аз он 211242 гектар даравида, 21130 гектар куфта шуд, ки ҳосили умумӣ 702991 тонна ва ҳосилнокӣ 33,3 сентнерро ташкил медиҳад.
Рафти ҷамъоварии сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ
   Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии ҷумҳурӣ ба ҳолати 22.09.2023 дар майдони 41238 гектар сабзавот кишт карда шудааст.
   Майдони ҷамъоваришуда 35341 гектар буда, ҳосили умумӣ 1090155 тоннаваҳосилнокӣ 308 сентнерро ташкил медиҳад. Аз он пиёз 511247 тонна, карам 41609 тонна, помидор 214217 тонна, бодиринг 111819 тонна, сабзӣ 113317 тонна ва дигар сабзавотҳо 97946 тонна ва сабзавоти барвақтӣ 3993 тонна мебошад.
Рафти ҷамъоварии полизиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ
   Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии ҷумҳурӣ ба ҳолати 22.09.2023 дар майдони 19513 гектар полизӣ кишт карда шудааст. Майдони ҷамъоваришуда 18843 гектар буда, ҳосили умумӣ 577602 тонна ва ҳосилнокӣ 307 сентнерро ташкил медиҳад.
 Рафти ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ
   Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 22.09.2023 дар майдони 33523  гектар картошка кишт карда шудааст. Майдони ҷамъоваришуда 16150 гектар буда, ҳосили умумӣ 337135 тонна ва ҳосилнокӣ 209 сентнерро ташкил медиҳад.    
Рафти ҷамъоварии меваю ангур
Ба ҳолати 22.09.2023 мевагиҳои ҷамъоваришуда 288470 тоннаро ташкил медиҳад. Аз он ангур 31505 тонна мебошад.
Рафти шудгор, кишти тирамоҳӣ ва зироатҳои барвақтӣ дар ҷумҳурӣ
   Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 22.09.2023 кишоварзони ҷумҳурӣ майдони 8978 гектарро шудгор намуда, дар майдони 6501 гектар кишти тирамоҳӣ ва зироатҳои барвақтиро гузарониданд, ки аз он дар вилоятҳои Суғд 3308 гектар, Хатлон 2770 гектарва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 422,8 гектарро ташкил медиҳад.
Захираи хӯроки чорво
   Дар асоси маълумотҳои Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварии вазорат дар ҷумҳурӣ дар соли 2023 тибқи дурнамо 2295760 тонна хӯроки дуруштва 103222 тонна хӯроки ширадор бояд захира карда шавад.
Ба ҳолати 22.09.2023 хӯроки дурушт 1966764 тонна ва хӯроки ширадор 36489 тонна захира карда шудааст.
     Воридот ва вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ
Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.09.2023 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 28922 адад техникаҳои гуногун тамға мавҷуд буда, 76%-и он омодаи кор мебошад. Тракторҳо 27612 адад, аз он 1523 адад тракторҳои шудгоркунанда, 5855 адад байни қаторӣ, 20234 адад нақлиётӣ, 1126 адад комбайни ғалладарав, 135 адад комбайнҳои хӯроки чорвоғундор, 16 адад комбайнҳои ҷуворимаккағундор, 33 адад мошини пахтачинӣ, мошинолотҳо 28511 адад буда, аз он 10678 адад испорҳои тракторӣ, 8533 адад ядакҳои тракторӣ, 3501 адад култиваторҳо, 2313 адад тухмипошакҳо аз он: 1874 адад тухмипошакҳои пахта, 1556 адад достҳои тракторӣ, 874 адад тойбанду тагрезчин, 501 адад картошкаканакҳо, 217 адад картошкашинонакҳо ва 338 адад алафҷамъкунакҳо ташкил медиҳанд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ дар 8 моҳи соли 2023 ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1579 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 657 адад, комбайни ғалладаравӣ 16 адад, мошини шолишинонӣ 2 адад, ядакҳои тракторӣ 43 адад, испори тракторӣ 159 адад, тойбанду тагрезчин 60 адад, дорупошак 3 адад, картошкаканак 15 адад, картошкашинонак 35 адад, алафдаравак 113 адад, тухмипошаки пахта 15 адад, гандумкубак 12 адад, трактори хурди дастӣ (мотоблок) 60 адад, дости тракторҳои хурди дастӣ 98 адад, дискмола 1 адад, техникаҳои ёрирасони соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла, экскватор 157 адад, боркунак 77 адад ва техникаҳои роҳсозӣ 12 ададро ташкил медиҳад
Маркази  матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии ҶумҳурииТоҷикистон
Тел: 235-38-63, 235-39-23