Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоМулоқоти ҳамраисони ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҶумҳуриҳоиТоҷикистону Беларус доир ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ

Мулоқоти ҳамраисони ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҶумҳуриҳоиТоҷикистону Беларус доир ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ

28.09.2023 424

Санаи 28 сентябри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқоти ҳамраисони ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҶумҳуриҳоиТоҷикистону Беларус доир ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ва Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Сергей Бартош баргузор гардид.
Дар мулоқот Сафири фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Сафарзода Бахтовар ва Сафири фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Денисенко Виктор иштирок намуданд.
Ҷонибҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Беларус доир ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба андешаҳои хешро иброз карданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон