Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоҶаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Беларус доир ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ

Ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Беларус доир ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ

28.09.2023 485

Санаи 28 сентябри соли 2023 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон Беларус доир ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Сергей Бартош, Сафири фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Сафарзода Бахтовар, Сафири фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Денисенко Виктор, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Беларус, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва бахшҳои хусусии ҷонибҳо иштирок намуданд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамраисии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Беларусро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон - вазири кишоварзӣ муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ва аз ҷониби Ҷумҳурии Беларус – вазири кишоварзӣ ва озуқаворӣ Сергей Бартош роҳбарӣ намуданд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ҷаласаро ифтитоҳ ва меҳмононро хайру мақдам намуда, зимни суханронӣ доир ба дастовардҳову нишондиҳандаҳои ҳамкориҳои судманди дуҷониба ҳарф заданд.
Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Сергей Бартош барои қабули самимӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба изҳори миннатдории худро иброз намуд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа дар доираи ҷаласаи мазкур ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, саноат, озуқаворӣ, илму маориф, тандурустӣ, дорусозӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамкориҳои байниминтақавӣ, тайёр намудани кадрҳои комплекси агросаноатӣ ва дигар масъалаҳои ҷолиби таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд.
Дар рафти ҷаласаи корӣ аз ҷониби Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Беларус аз ҷумла, сафирон, намояндагони вазораут идораҳо ва бахшҳои хусусӣ баромад намуда, оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ибрози назар карданд.
Инчунин дар ҷаласа Созишномаи 16-уми Комиссияи Байниҳукуматии Белорус-Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ аз ҷониби Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ва Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Сергей Бартош ба имзо расонида шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон