Шӯрои корӣ байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Беларус
28.09.2023 570
Санаи 28 сентябри соли 2023 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи Ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон Беларус доир ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ Шӯрои корӣ байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Беларус баргузор гардид.
Дар кори Шӯро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Сергей Бартош, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед, Сафири фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Сафарзода Бахтовар, Сафири фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Денисенко Виктор ва дигар масъулин иштирок намуданд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Сергей Бартош ва Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед зимни суханрониҳо оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ибрози назар намуданд.
Дар корӣ Шӯро 13 адад Созишномаҳо оид ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни бахшҳои давлативу хусусӣ ба имзо расонида шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон