Баргузории Форум вобаста ба имкониятҳои соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
29.09.2023 612
Санаи 29 сентябри соли равон дар доираи баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест 2023» ҳамоиш таҳти унвони «Имконияти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тоза ба бозорҳои байналмилалӣ» баргузор гардид.
Дар Форуми мазкур Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ва Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Сергей Бартош, Сафири фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Сафарзода Бахтовар, Сафири фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Денисенко Виктор, намояндагони зиёда аз 10 мамлакат, шарикони рушд, бахшҳои хусусӣ, сармоягузорон ва соҳибкор иштирок намуданд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода зимни баромади хеш иброз намуданд, бо дастгириву кӯшишҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз соҳаи кишоварзии мамлакат ҳамаҷониба рушд ёфта, таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозорҳои кишвар, пешгирии тағйирёбии иқлим ва ба бозори ҷаҳонӣ пешниҳод намудани маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида истодаанд.
Инчунин дар чорабинӣ Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Сергей Бартош, шарикони рушд, бахшҳои хусусӣ, сармоягузорон ва соҳибкорони алоҳида баромад намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар форум 11 адад Созишномаҳои дуҷониба дар самти соҳаи кишоварзӣ ба маблағи беш аз 65 миллион доллар ба имзо расонида шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон