Ифтитоҳи Маркази забони белорусӣ ва технологияи инноватсионӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
30.09.2023 560
Санаи 30 сентябри соли равон дар ҳошияи Ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон Беларус доир ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти илм ва инноватсия дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази забони белорусӣ ва технологияи инноватсионӣ ба истифода дода шуд.
Дар маросими баистифодадиҳӣ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, Вазири кишоварзӣ ва хӯроквории Ҷумҳурии Белорус Сергей Бартош, Сафирии фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорус Сафарзода Бахтовар, Сафирии фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Денисенко Виктор, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон, устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Ҷиҳати густариши ҳамкориҳои судманди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Донишгоҳҳои Ҷумҳурии Белорус ба Ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қобилҷон тавсияҳо дода шуд.
Инчунин меҳмонон аз Осорхона ва Маркази илмӣ-таҳқиқотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боздид намуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон