Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБоздиди Вазири кишоварзӣ аз ноҳияи Нуробод

Боздиди Вазири кишоварзӣ аз ноҳияи Нуробод

04.10.2023 487

Ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, вохӯрию мулоқот бо сокинон Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода санаи 3 октябри соли равон аз деҳаҳои ҷамоати ба номи Иззатулло Ҳалимови ноҳияи Нуробод боздид ба амал оварданд.
Зимни боздиду вохӯриҳо Вазири кишоварзӣ муҳтарам Қурбон Ҳакимзода оид ба иҷрои саривақтию сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноку оқилонаи заминҳо, вусъати корҳои кишоварзӣ, беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили руёнидашуда, тақвияти омодагиҳо ба зимистонгузаронӣ, захираи маводи озуқаворӣ, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва иҷрои даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар муассисаҳои тандурустӣ, омодагии муассисаҳои иҷтимоӣ ба давраи зимистон, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо сокинони деҳаҳои дурдасти ноҳия суҳбат намуда, қайд намуданд, ки ҳадаф аз дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, қабули Қонунҳои миллӣ ва нақшаи чорабиниҳои таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои амалигардонии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, махсусан амалисозии рушд дар минтақа ва деҳаҳои дурдаст ва дар ин замина фароҳам овардани шароити арзанда ба тамоми сокинони мамлакат ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, аз ҷониби Вазири кишоварзии мамлакат ба сокинони маҳаллаҳо ҷиҳати иҷрои корҳои ободонию созандагӣ ва бунёди иншоотҳо, аз ҷумла таъмири роҳу пулҳо, бунёду таъмири иншоотҳои иҷтимоӣ ва кашидани оби полизию нушокӣ, ки дар сарҷамъӣ дар аз тарафи истиқоматкунандагони деҳаҳо иҷро карда шудааст, изҳори сипосмандӣ карда шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон