Боздид аз ноҳияи Тоҷикобод
04.10.2023 553
Санаи 4 октябри соли равон гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ва дигар масъулин ба ноҳияи Тоҷикобод ташриф оварда, бо вазъи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла истифодаи самараноки обу замин, заминҳои наздиҳавлигӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳо, ҳолати боғҳо, ҷамъоварии зироатҳо аз ҷумла картошка, хӯроки чорво ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа аз наздик шинос шуданд.
Ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ, рӯёнидани ду ҳосил, таъмини бозор бо маҳсулотҳои ватанӣ, содироти онҳо ба хориҷи кишвар, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ ва ҳалли муаммоҳои ҷойдошта аз ҷониби гуруҳи кории Ҳукумати мамлакат дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.
Маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон