Дастгирии хоҷагиҳои тухмипарварии ҷумҳурӣ
05.10.2023 625
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи оқилонаву самараноки замин, гирифтани ҳосили баланд, таъмини амнияти озуқавории мамлакат аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” тақсимоти тухмии гандуми хушсифати гурӯҳи элита ва иловаи нуриҳои минералӣ ба хоҷагиҳои тухмипарвари ҷумҳурӣ барои кишти тирамоҳии соли 2023 оғоз карда шуд.
Маҳз рушди соҳаи кишоварзӣ ва дастгирии кишоварзон зери таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо кумаку ҳидоятҳояшон соҳа рӯз аз рӯз рушд ёфта ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат зина ба зина таъмин гардида истодааст.
Барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ дар кишти тирамоҳии гандум ба ҳоҷагиҳои тухмипарвар тухмии гандуми хушсифати гурӯҳи элита намудҳои “Гром”, “Алексеевич” ва “Тимирязевка-150” ба миқдори 500 тонна ва нуриҳои минералӣ ба миқдори 1250 тонна харидорӣ карда шуда, хоҷагиҳои мазкур барои кишт тақсимот карда шуда истодааст.
Мавриди зикр аст, ки дар соли 2022 низ хоҷагиҳои тухмипарвар барои кишт тухмиҳои хушсифат тақсимот карда шуда буд, ки ҳосили хуб ба даст оварданд ва дар доираи таъсиси фонд гардиши Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дигар хоҷагиҳои хурду калон барои кишти имсола васеъ истифода карда мешавад.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон