Дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагиҳои деҳқонӣ
06.10.2023 504
Бо дастуру супориш ва ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расидан ба яке аз ҳадафҳои Стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизои хушсифат” ба хоҷагиҳои деҳқонии осебпазир, ки аз 1 то 5 гектар замин доранд, алалхусус таҳти роҳбарии занон қарордошта барои кишти солҳои 2023-2024 тақсимоти воситаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла тухмии зироатҳои кишоварзӣ ва нуриҳои минералӣ аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” дар шаҳру ноҳияи мамлакат оғоз гардид.
Соҳаи кишоварзии мамлакат зери таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо ҳидоятҳои Сарвари мамлакат кишоварзон истифодаи оқилонаву самараноки замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, рӯёнидани ду се ҳосилро хуб дарк намуда, дар фаровонии бозорҳо ва таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми хешро гузошта истодаанд.
Тибқи нақша санаи 06 октябри соли равон ба хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки намояндагони Вазорати кишоварзии мамлакат, Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ”, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ тақсимоти тухмии зироатҳо бо иловаи нуриҳои минералӣ оғоз гардид.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи мазкур зиёда аз 11 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонии осебпазир, ки аз 1 то 5 гектар замин доранд, алалхусус таҳти роҳбарии занон қарордошта барои кишти солҳои 2023-2024 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз дастгириву кумакҳои навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тухмиҳои хушсифати гандум, картошка, ҷуворимакка, зағер, пиёз, бодиринг, помидор ва нахуд бо иловаи нуриҳои минералӣ бархурдор мегарданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон