Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоГузориши матбуотӣ ба санаи 06.10.2023

Гузориши матбуотӣ ба санаи 06.10.2023

09.10.2023 632

Рафти ҷамъоварии ҳосили пахта дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Тибқи маълумоти Раёсати растанипарварӣ то санаи 06.10.2023 кишоварзони ҷумҳурӣ аз аввали мавсим ба миқдори 222258 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки аз он да рвилояти Суғд 54748 тонна, Хатлон 165792 тонна ва НТҶ 1718 тоннаро ташкил дода, ҷамъоварӣ бо маром идома дорад.

Рафти ҷамъоварии ғалладонагиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 06.10.2023 дар майдони 306655 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шудааст.

Аз он майдони 297238 гектар даравида шуд, ки ҳосили умумӣ 916089 тонна ва ҳосилнокӣ 31,0 сентнерро ташкил медиҳад.

Ҷамъоварии ҳосили гандум дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 06.10.2023 дар майдони 211858 гектар кишти гандум  гузаронида шуд.

Аз он 211670 гектар даравида, 211493 гектар куфта шуд, ки ҳосили умумӣ 703711 тонна ва ҳосилнокӣ 33,3 сентнерро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 06.10.2023 дар майдони умумии 33523  гектар картошка кишт карда шудааст. Майдони ҷамъоваришуда 23824 гектар буда, ҳосили умумӣ 542182 тонна ва ҳосилнокӣ 228 сентнерро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 06.10.2023 дар майдони 41238 гектар сабзавот кишт карда шудааст.

Майдони ҷамъоваришуда 39538 гектар буда, ҳосили умумӣ 1228899 тонна ва ҳосилнокӣ 311 сентнерро ташкил медиҳад. Аз он пиёз 589949 тонна, карам 44712 тонна, помидор 235425 тонна, бодиринг 113927 тонна, сабзӣ 124777 тонна ва дигар сабзавотҳо 120109 тонна мебошад.

Рафти ҷамъоварии полизиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 06.10.2023 дар майдони 19513 гектар полизӣ кишт карда шудааст. Майдони ҷамъоваришуда 19366 гектар буда, ҳосили умумӣ 621105 тонна ва ҳосилнокӣ 321 сентнерро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъовариимеваю ангур

Ба ҳолати 06.10.2023 мевагиҳои ҷамъоваришуда 323503 тоннаро ташкил медиҳад. Аз он ангур 56984 тонна мебошад.

Рафти шудгор ва кишти тирамоҳию барвақтии зироатҳои кишоварзӣ

Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 06.10.2023 кишоварзони ҷумҳурӣ майдони 45633 гектарро шудгор намуда, дар майдони 28288 гектар кишти тирамоҳӣ ва зироатҳои барвақтиро гузарониданд, ки аз он дар вилоятҳои Суғд 13993 гектар, Хатлон 12850 гектар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1445 гектарро ташкил медиҳад.

Захираи хӯроки чорво  

Дар асоси маълумотҳои Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварии вазорат дар ҷумҳурӣ дар соли 2023 тибқи дурнамо 2295760 тонна хӯроки дурушт ва 103222 тонна хӯроки ширадор бояд захира карда шавад.

Ба ҳолати 06.10.2023 хӯроки дурушт 2217899 тонна ва хӯроки ширадор 61112 тонна захира карда шудааст.

Баргаштани чорво аз чарогоҳҳои тобистона ба чарогоҳҳои зимистона

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварии вазорат оид ба баргаштани чорво аз чарогоҳҳои тобистона ба чарогоҳҳои зимистона ба ҳолати 06.10.2023 1419 рама, 1551106 сар моли майда, 85592 сар чорвои калон ва 7737 сар асп аз чарогоҳҳои тобистона ба чарогоҳҳои зимистона баргашта, баргашти чорво идома дошта таҳти назорат қарор дорад.

Маркази  матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел: 235-38-63, 235-39-23.