Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоҲолати моддию техникии хоҷагиҳои тухмипарварӣ дар ҷумҳурӣ мустаҳкам мегарданд

Ҳолати моддию техникии хоҷагиҳои тухмипарварӣ дар ҷумҳурӣ мустаҳкам мегарданд

10.10.2023 607

Санаи 10 октябри соли равон ҷиҳати беҳтар намудани заминаи моддию техникии хоҷагиҳои тухмипарварии ҷумҳурӣ як қатор мошинолотҳои кишоварзӣ, аз қабили 20 адад испорҳо, 15 адад нармкунакҳо, 13 адад тухмипошакҳои пахта, 13 адад тухмипошакҳои ғалладонагиҳо, 4 адад тухмитозакунан, 15 адад картошкаканак, 15 адад картошкашинонак, 2 адад заминҳамворкунак, 4 адад пахтатозакунак ва 4 адад тойбанди пахта аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” супорида шуд.
Мавриди зикр аст, ки рушди соҳаи кишоварзӣ ва дастгирии кишоварзон зери таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо кумаку ҳидоятҳояшон соҳа рушди ҳамаҷониба ёфта, яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат таъмини амнияти озуқавории мамлакат зина ба зина таъмин гардида истодааст.
Имрӯз бо иштироки Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, директори идораи Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимли, намояндагони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ба хоҷагиҳои тухмипарвар мошинолотҳои кишоварзӣ супорида шуд.
Зимни баромад Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон оид ба дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳа ва таъминоти моддиву техникӣ хоҷагиҳо ҳарф зада, бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноки обу замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, рӯёнидани ду се ҳосил ва таъмини дигар хоҷагиҳо бо тухмиҳои хушсифат аз ҷониби хоҷагиҳои тухмипарвар маслиҳатҳои муфид доданд.
Директори идораи Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимли оид ба ҳамкориҳои судманд ба Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии мамлакат изҳори миннатдорӣ намуда, ҷиҳати дастгириҳои минбаъда ҳавасмандии Бонкро иброз кард.
Мавриди зикр аст, ки мошинолотҳои кишоварзӣ ба хоҷагиҳои тухмипарварӣ дар шакли 70% грантӣ дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ва 30% маблағи пардохти бефоиз дар давоми се сол аз ҳисоби даромади хоҷагиҳо мебошад.
Зимни супоридани мошинолотҳои кишоварзӣ таъкид гардид, ки дар марҳилаи оянда ба хоҷагиҳои мазкур техникаҳои кишоварзӣ бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани ваъзи моддиву техникияшон супорида мешавад.
Хоҷагидорон низ аз дастгириҳои пайваста, изҳори миннатдории хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда, дар ҷавоби ин дастгириву ғамхориҳои пайваста ҷиҳати саҳм гузоштан ба рушди соҳа ва таъмини амнияти озуқаворӣ ибрози андеша намуданд.
Маҳз дар доираи лоиҳаи мазкур дар соли 2022 барои баланд бардоштани ҳосилнокии барои кишти соли 2023 ба миқдори 280 тонна тухмии гандуми гурӯҳи элита навъҳои “Гром” 100 тонна, “Алексеич” 120 тонна ва “Безостая 100” 60 тонна бо иловаи 381,8 тонна нуриҳои минералӣ, 150 тонна чигити тухмии гурӯҳи элита навъҳои “Лодос” 105 тонна, “Перла С” 30 тонна, “Аря” 15 тонна, 530 тонна картошкаи тухмии гурӯҳи элита навъҳои “Гала” 400 тонна, “Кроне” 130 тонна бо иловаи 3507,4 тонна нуриҳои минералӣ харидорӣ намуда, дар асоси шартномаи тарафайн ба хоҷагиҳои тухмипарварӣ барои такрористеҳсолкунӣ дастрас карда шуда буд, ки дар натиҷа ҳосили хуб ба даст оварда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки барои кишти соли 2024 гандуми тухмии гурӯҳи элита навъҳои “Гром” 150 тонна, “Алексеич” 200 тонна, “Тимирязевка 150” 150 тонна бо иловаи 1250 тонна нуриҳои минералӣ дар доираи лоиҳа харидорӣ гардидааст, ки ба хоҷагиҳои дастрас гардида истодааст.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон