Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоИди Меҳргон меояд!!!

Иди Меҳргон меояд!!!

11.10.2023 559

Бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ санаи 15 октябр дар МД “Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ”-и пойтахт “Иди Меҳргон ва баргузор намудани фестивал-намоишу фурӯши асал, шолӣ, биринҷ ва техникаи кишоварзӣ” бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Дар назар аст, ки дар чорабинӣ кишоварзони мамлакат аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ бо дастранҷи иштирок менамоянд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон