ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ 2023
12.10.2023 553
Санаи 12 октябри соли равон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ҷаласаи ҳайати мушовара таҳти роҳбарии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини Сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лашкар Сафарзода, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи марказии вазорат, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои алоҳида, сарраёсати ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои зертобеи вазорат, корхонаҳои алоҳидаи парандапарварӣ иштирок намуданд.
Ҷаласаро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ифтитоҳ намуданд.
Нахуст маърӯзаи муовини вазири кишоварзӣ Назарзода Машокир оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар нуҳ моҳи соли 2023 шунида шуд.
Аз ҷумла зикр карда шуд, ки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар фаъолияти худро дар асоси вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, сафарҳои кории Сарвари давлат ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияву консепсияҳо ва барномаҳои соҳавӣ бармеоянд ба роҳ монда, оид ба татбиқи сиёсати аграрӣ, ҷиҳати ноил шудан ба дастовардҳои назаррас ва таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ, аз ҷумла дар самти растанипарварӣ, чорводорӣ ва дигар соҳаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ дар давраи ҳисоботӣ, як қатор корҳоро ба сомон расонид.
Давоми нуҳ моҳи соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 43809,5 млн. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107,9 фоизро ташкил дода, 3192,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ 33379,0 млн. сомонӣ ва маҳсулоти чорвопарварӣ 10430,5 млн. сомониро ташкил дода, дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 108,8 ва 105,0 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 55,7 фоиз ва бахши аҳолӣ 44,3 фоизро ташкил медиҳад.
Ба афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ, асосан истеҳсоли меваҷот, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41,6 фоиз, полизӣ 21,3 фоиз, сабзавот, 11,3 фоиз аз ҷумла пиёз 21,5 фоиз ва картошка 3,8 фоиз зиёд гардидааст.
Инчунин сардорони сарраёсатҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шуъба ва бахшҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаву ташкилотҳои зертобеи вазорат оид ба нишондиҳандаҳои соҳа ахборот пешниҳод намуданд.
Аз ҷониби Раёсати ҳайати мушовара ба масъулин барои ислоҳи камбудиҳо дастурҳои мушаххас дода шуд.
Сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лашкар Сафарзода барои иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни мулоқотҳо бо роҳбарон ва фаъолон дар сафарҳои корӣ баён намудаанд, масъулинро вазифадор карда, ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти минбаъда, истифодаи самараноки замину об, ҷамъоварии беталафи зироатҳои кишоварзӣ, кишти такрории зироатҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа ибрози назар намуд.
Дар интиҳо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон