Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоПаёми табрикии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ба муносибати Иди Меҳргон ва Рӯзи кишоварзон

Паёми табрикии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ба муносибати Иди Меҳргон ва Рӯзи кишоварзон

14.10.2023 704

Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.
Эмомалӣ Раҳмон
   Бо камоли эҳтиром ва садоқатмандии бепоён кулли сокинон ва кишоварзони мамлакатро ба муносибати Иди Меҳргон ва Рӯзи кишоварзон табрику муборакбод менамоям!
   Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили меҳнати марди деҳқон фаро расидани Иди Меҳргон басо рамзист. Он ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромада, дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳё гардида, ҳамасола дар тамоми гӯшаю канори кишвари маҳбубамон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
   Аз ин лиҳоз, кишоварзон бо ғайрати дучанд меҳнат карда, баҳри иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакатамон – таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузоранд.
   Ёдовар мешавем, ки ҷашни аҷдодиамон Меҳргон дар гузашта ва имрӯз низ ҳамчун иди касбии кишоварзон таҷлил карда мешавад. Чӣ тавре ки меҳргоншиносон таъкид кардаанд, маҳз дар айёми расиш ва ҷамъоварии ҳосил ниёгони мо аз ин ҷашн пазироӣ мекарданд. Баргузории ин ид дар тирамоҳ маънои онро дорад, ки дар ин фасл ҳамаи дарахтону гиёҳон ҷомаи заррин ба бар мекунанд ва гӯё аз фурӯғи Меҳр ҳама ҷо заррин мегардад.
   Меҳргон тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо дар рӯзи аввали моҳи Меҳр ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил карда мешудааст. Он дорои эътидоли кайҳонӣ буда, дар ин айём рӯзу шаб баробар мешавад ва ба ин сабаб номи ин моҳро Меҳр гузоштаанд. Мувофиқи ойини гузаштагонамон, дар рӯзҳои ҷашни Меҳргон маросимҳои зиёде сурат мегирифтанд, зеро дар давраҳои бостон шуғли аксарияти одамон кишоварзӣ буд. Аз ин рӯ, пас аз ғунучини ҳосил барои баргузор кардани ҷашну шодӣ ва истироҳати кишоварзон замони муносиб будааст.
   Бузургону гузаштагони мо низ дар эҷодиёти худ Меҳргонро васф намуданд, аз ҷумла устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чунин гуфтаанд:
Малико, ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.
   Маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба санадҳои таърихӣ такя намуда, ҷашнҳои Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргонро эҳё карданд, ки таҷлил намудан сар то сари мамлакат далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш оварда, эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонанд.
   Дар ҷавоби ин ғамхориҳо Шумо, кишоварзони мамлакат, сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳа пеш бурда, бо эҳсоси масъулият тамоми иқтидори зеҳнию касбиро ба рушди соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани маданияти истифодабарии замину об, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири кишоварзӣ, таъмини сабади истеъмолӣ ва худкифоии аҳолии кишвар бо маҳсулоти кишоварзии босифат, содироти бештари он ба хориҷи кишвар равона менамоед.
   Зеро таъмини амнияти озуқавории кишвар ҳадафи стратегии давлат ба шумор рафта, дар натиҷаи таваҷҷуҳи доимӣ ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди устувори соҳаҳои комплекси агросаноатӣ таъмин гардида истодааст.
   Мавриди зикр аст, ки айни замон соҳаи кишоварзӣ то 25 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро таъмин намуда, баҳри таъмини босубот ва мутносиби аҳолии кишвар бо озуқаворӣ тавассути афзоиши мунтазам ва устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ, инчунин ҳифзи захираҳои табиӣ, ки барои тавсеаи такрористеҳсолкунӣ зарур аст, мусоидат менамояд.
Дар натиҷаи баланд шудани маданияти истифодаи замин, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гардида, аз 11 миллиарди соли 1992 ба 49 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, ки қариб 4,5 баробар афзоиш ёфт.
   Аз ҷумла, ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагиҳо дар ҷумҳурӣ агар дар соли 1991-ум ҳамагӣ 292 ҳазор тонна истеҳсол гардида бошад, пас ин нишондод дар соли 2022 1 миллиону 756 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки ҳаҷми афзоиш 6 маротиба афзудааст. Ҳосилнокии зироатҳои ғалладонагиҳо низ дар ин давра наздик 3 маротиба баланд гардид.
   Ҳамчунин дар давраи истиқлолияти давлатӣ ба истифодаи самараноки заминҳо ҳаҷми истеҳсоли картошка 10,3 маротиба, сабзавот 8,4 маротиба, полизӣ 15,3 маротиба, меваҷот 2,9 маротиба ва ангур 2,5 маротиба афзоиш ёфтааст.
   Дар соҳаи чорводорӣ низ давраи соҳибистиқлолӣ нишондиҳандаҳо назаррас буда, дар натиҷаи меҳнати самарабахшу софдилон саршумори чорвои калону майда, паранда, асп, оилаи занбӯри асал ва харгуш аз 1,6 то 7,2 маротиба ва истеҳсоли маҳсулоти соҳа аз қабили гӯшт, шир, тухм, пашм, моҳӣ ва асал аз 1,4 то 7,7 маротиба зиёд гардидааст.
   Барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаҳои дар пешистода ба кулли кишоварзони мамлакат бурдбориҳо таманно намуда, хоҳони онам, ки дастархони сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлоламон аз тамоми маҳсулотҳои кишоварзӣ дар ҳама фаслҳои сол пурнозу неъмат бошад.
Ид муборак, кишоварзони муҳтарам!
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳакимзода Қурбон