Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоТаҷлили Иди Меҳргон, фестивал-намоиш ва фурӯши асал, шолию биринҷ, техникаи кишоварзӣ ва Рӯзи кишоварзон

Таҷлили Иди Меҳргон, фестивал-намоиш ва фурӯши асал, шолию биринҷ, техникаи кишоварзӣ ва Рӯзи кишоварзон

15.10.2023 739

Санаи 15 октябри соли равон дар “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ” бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Иди Меҳргон, фестивал-намоиш ва фурӯши асал, шолию биринҷ ва техникаи кишоварзӣ” баргузор гардид.
Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили меҳнати марди деҳқон фаро расидани иди Меҳргон басо рамзӣ буда, ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромада, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳё гардида, дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Дар “Иди Меҳргон, фестивал-намоиш ва фурӯши асал, шолию биринҷ ва техникаи кишоварзӣ” Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон, роҳбарон ва намояндагони вазорату кумита ва агентиҳои ҷумҳурӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, намоядагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, сарраёсат ва раёсатҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, гуруҳи сафирон ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.
Дар ҷашнгоҳ дастранҷи заҳмати марди деҳқон аз қабили навъҳои гуногуни зироат, меваҷот, сабзавот, асали табиӣ, техникаю мошинолот, ихтирооти вобаста ба соҳа пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд.
Дар ин макон ҳамчунин аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат хӯрокҳои миллӣ омода шуда, манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт гардиданд. Дар гӯшаи дигари боғ ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуд, ки ҳар кадоми он ифодагари меҳнати дастии ҳунармандон буда, аз завқу маҳорат ва таърихи бой доштани ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медод.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ иштирокдорони намоишро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Иди Меҳргон шодбош гуфта, барои фаъолияти беҳтарин ва дастовардҳои шоиста дар соҳаи кишоварзӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Иди Меҳргон изҳори сипос намуд.
Дар ҷорабинӣ аз рӯйи номинатсияҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва хоҷагии беҳтарин бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ, барои иштироки фаъолона як қатор вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо бо Сипосномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷоми чорабинии мазкур баҳри болидаруҳии иштирокчиён аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангию фароғатӣ пешкаш карда шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон