Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоГузориши матбуотӣ ба санаи 13.10.2023

Гузориши матбуотӣ ба санаи 13.10.2023

17.10.2023 772

Рафти ҷамъоварии ҳосили пахта дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Тибқи маълумоти Раёсати растанипарварӣ то санаи 16.10.2023 кишоварзони ҷумҳурӣ аз аввали мавсим ба миқдори 264830 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки аз он дар вилояти Суғд 67893 тонна, Хатлон 194660 тонна ва НТҶ 2277 тоннаро ташкил дода, ҷамъоварӣ бо маром идома дорад.

Рафти ҷамъоварии ғалладонагиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 13.10.2023 дар майдони 306655 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шудааст.

Аз он майдони 298616 гектар даравида шуд, ки ҳосили умумӣ 921040 тоннава ҳосилнокӣ 30,9 сентнерро ташкил медиҳад.

Ҷамъоварии ҳосили гандум хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 13.10.2023 дар майдони 211858 гектар кишти гандум  гузаронида шуд.

Аз он 211837 гектар даравида, 211770 гектар куфта шуд, ки ҳосили умумӣ 704163 тонна ва ҳосилнокӣ 33,3 сентнерро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 13.10.2023 дар майдони умумии 33523 гектар картошка кишт карда шудааст. Майдони ҷамъоваришуда 27394 гектар буда, ҳосили умумӣ 632566 тонна ва ҳосилнокӣ 231 сентнерро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии ҷумҳурӣ ба ҳолати 13.10.2023 дар майдони 41238 гектар сабзавот киш ткарда шудааст.

Майдони ҷамъоваришуда 40330 гектар буда, ҳосили умумӣ 1281738 тонна ва ҳосилнокӣ 318 сентнерро ташкил медиҳад. Аз он пиёз 617748 тонна, карам 47222 тонна, помидор 243438 тонна, бодиринг 116182 тонна, сабзӣ 129374 тоннавадигар намуди сабзавотҳо 127774 тонна мебошад.

Рафти ҷамъоварии полизиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 13.10.2023 дар майдони 19513 гектар полизӣ кишт карда шудааст. Майдони ҷамъоваришуда 19513 гектар буда, ҳосили умумӣ 634872 тонна ва ҳосилнокӣ 325 сентнерро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъовариимеваю ангур

Ба ҳолати 13.10.2023 мевагиҳои ҷамъоваришуда 358560 тоннаро ташкил медиҳад. Аз он ангур 74600 тонна мебошад.

Рафти шудгор ва кишти тирамоҳию барвақтии зироатҳои кишоварзӣ

Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 13.10.2023 кишоварзони ҷумҳурӣ майдони 56943 гектарро шудгор намуда, дар майдони 35510 гектар кишти тирамоҳӣ ва зироатҳои барвақтиро гузарониданд, ки аз он дар ВМКБ 59 гектар, вилоятҳои Суғд 18145 гектар, Хатлон 14542 гектарва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2764 гектарро ташкил медиҳад.

Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда

Ба ҳолати 13.10.2023 мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҷумҳурӣ 950 адад гармхонаҳо фаъолият менамоянд, ки майдони умумиашон 166 гектарро ташкил медиҳад.

Дар майдони 21,3 гектар кишти сабзавот, аз ҷумла помидор 8,2 гектар, бодиринг 4,6 гектар ва дар майдони 8,5 гектар дигар намуди сабзавотҳо гузаронида шудааст.

Захираи хӯроки чорво  

  Дар асоси маълумотҳои Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварии вазорат дар ҷумҳурӣ дар соли 2023 тибқи дурнамо 2295760 тонна хӯроки дурушт ва 103222 тонна хӯроки ширадор бояд захира карда шавад.

Ба ҳолати 06.10.2023 хӯроки дурушт 2217899 тонна ва хӯроки ширадор 61112 тонна захира карда шудааст.

Баргаштани чорво аз чарогоҳҳои тобистона ба чарогоҳҳои зимистона

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварии вазорат оид ба баргаштани чорво аз чарогоҳҳои тобистона ба чарогоҳҳои зимистона ба ҳолати 06.10.2023 1419 рама, 1551106 сар моли майда, 85592 сар чорвои калон ва 7737 сар асп аз чарогоҳҳои тобистона ба чарогоҳҳои зимистона баргашта, баргашти чорво идома дошта таҳти назорат қарор дорад.

Маркази  матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тел: 235-38-63, 235-39-23.