Шиносоӣ аз дастовардҳои соҳаи кишоварзии Шоҳигарии Нидерланд
Таҳти роҳбарии муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ бо мақсади шиносоӣ аз дастовардҳои соҳаи кишоварзии Нидерланд дар соҳаҳои занҷираи арзиши иловашудаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти растанипарварию чорводорӣ, кластерҳои агросаноатӣ ва нақши илм дар самти беҳтар намудани равандҳои истеҳсолӣ ба Шоҳигарии Нидерланд сафари корӣ анҷом дода шуд.
Дар доираи боздиду мулоқотҳо ҳайатҳо масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, гузариш ба иқтисоди сабз, идоракунии партовҳо, тақвияти ҳамкориҳо миёни бахши хусусию давлатӣ дар доираи лоиҳаҳои мушаххас, баргузории форуми соҳибкорӣ миёни ду кишвар ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар мавриди табодули таҷриба дар соҳаи кишоварзӣ омодагӣ ҷиҳати сафарбар қувваи кории қобили меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ ба Нидерланд, ҷорӣ намудани таҷрибаи инноватсионии Нидерланд дар самти парвариш ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, нигоҳ доштани занҷирҳои устувори таъминоти озуқаворӣ, пешбурди тамоюлҳои технологияҳои инноватсионӣ бо таваҷҷуҳ ба ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ барои баланд бардоштани ҳосилнокии кишоварзӣ изҳори назар намуданд.
Инчнунин бо иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираҳои соҳибкории Шоҳигарии Нидерланд мизи мудаввар баргузор гардид. Дар доираи мизи мудаввар аз ҷониби муовини вазири кишоварзӣ Нигина Анварӣ доир ба соҳаи кишоварзии Тоҷикистон, фазои соҳибкорию сармоягузорӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои мухталифи кишоварзӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Ҷонибҳо дар доираи мизи мудаввар барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар самти бунёди корхонаҳои коркарди шир ва гушти паранда имконияту иқтидорҳои худро муаррифӣ намуданд.
Бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи кишоварзӣ Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ, табиат ва сифати хӯроквории Шоҳигарии Нидерланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, санади дуҷонибаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва Маркази байналмилалии боғдорӣ «Делта» ба имзо расонида шуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон