Дар вазорат вохӯрии намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
19.10.2023 734
Санаи 13 октябри соли равон дар толори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии мулоқоти кормандон бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони дастгоҳи марказии вазорат баргузор гардид.
Муовини вазири кишоварзӣ Зеваршои Зеваршо мулоқотро ифтитоҳ намуд.
Сарнозири Раёсати муқовимат ба коррупсия, подполковники адлия Розиқзода Алихон оид ба масъалаи рафъи ҳолатҳое, ки ба содир шудани ҷиноят ва дигар қонуншиканиҳо мусоидат мекунанд суханронӣ намуда, ҷиҳати даст назадан ба кирдорҳои ғайриқонунии дорои хусусиятҳои коррупсионидошта, инчунин ҷиҳати аз байн бурдани ин падидаи номатлуб, саҳм гузоштан баҳри пешрафту ободии кишвар ва амалисозии амалисозии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» андешаҳои худро иброз кард.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон