Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоНамоиши техникаву мошинолотҳои кишоварзии Русия дар шаҳри Душанбе

Намоиши техникаву мошинолотҳои кишоварзии Русия дар шаҳри Душанбе

20.10.2023 694

Санаи 19 октябри соли равон дар маҷмааи Кохи Борбади шаҳри Душанбе намоиши "Спецмаш - Тоҷикистон 2023" ифтитоҳ гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия, савдои Русия дар Тоҷикистон, Сафорати Русия дар Тоҷикистон ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи Русия иштирок намуданд.
Дар намоишгоҳ техникаву таҷҳизотҳои кишоварзӣ, роҳсозӣ, тракторҳо, боркунакҳо, мошинҳои хидматрасонӣ ва оташнишонӣ, таҷҳизот барои истеҳсоли маҳсулотҳои хӯрокворӣ, таҷҳизоти махсус барои истеҳсоли шир, фабрикаҳои мурғпарварӣ ва дигар мошинолотҳои истеҳсолии корхонаҳои Русия манзури иштирокдорон гардонида шуд.
Муовини вазири кишоварзӣ Зеваршои Зеваршо зимни баромад дар ифтитоҳи намоишгоҳ қайд намуд, ки иқтидори истеҳсолу содироти маҳсулоти кишоварзӣ, коркард ва банду басти маҳсулот аз техникаву таҷҳизотҳо вобастагӣ дорад. Имрӯз кишоварзон ва корхонаҳои коркарди маҳсулот техникаву мошинолотҳо ва таҷҳизотҳои истеҳсолкардаи ширкатҳои Русияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ истифода мекунанд.
Мавриди зикр аст, ки дар чорабинӣ зиёд аз 10 корхонаҳои истеҳсолкунандаи техникаву мошинолотҳои кишоварзӣ аз Русия дастовардҳои хешро барои иштрокдорон ба намоиш гузоштанд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон