Гузориши матбуотӣ ба санаи 20.10.2023
Рафти ҷамъоварии ҳосили пахта дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ
Тибқи маълумоти Раёсати растанипарварӣ то санаи 20.10.2023 кишоварзони ҷумҳурӣ аз аввали мавсим ба миқдори 283794 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки аз он дар вилояти Суғд 75264 тонна, Хатлон 205548 тонна ва НТҶ 2982 тоннаро ташкил дода, ҷамъоварӣ бомаром идома дорад.
Рафти ҷамъоварии ғалладонагиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 306655 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шудааст.
Ба ҳолати 20.10.2023 ба майдони 301081 гектар даравида шуд, ки ҳосили умумӣ 925381 тонна ва ҳосилнокӣ 30,7 сентнерро ташкил медиҳад.
Ҷамъоварии ҳосили гандум
Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 211858 гектар кишти гандум гузаронида шуд.
Аз он 211858 гектар даравида, 211848 гектар куфта шуд, ки ҳосили умумӣ 704341 тонна ва ҳосилнокӣ 33,2 сентнерро ташкил медиҳад.
Рафти ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони умумии 33523 гектар картошка кишт карда шудааст. Ба ҳолати 20.10.2023 майдони ҷамъоваришуда 30194 гектар буда, ҳосили умумӣ 709781 тонна ва ҳосилнокӣ 235 сентнерро ташкил медиҳад.
Рафти ҷамъоварии сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 20.10.2023 дар майдони 41238 гектар сабзавот кишт карда шудааст.
Майдони ҷамъоваришуда 40737 гектар буда, ҳосили умумӣ 1297644 тонна ва ҳосилнокӣ 319 сентнерро ташкил медиҳад. Аз он пиёз 619637 тонна, карам 47298 тонна, помидор 247686 тонна, бодиринг 118903 тонна, сабзӣ 133306 тонна ва дигар намуди сабзавотҳо 130813 тонна мебошад.
Рафти ҷамъоварии полизиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 20.10.2023 дар майдони 19513 гектар полизӣ кишт карда шудааст. Майдони ҷамъоваришуда 19512 гектар буда, ҳосили умумӣ 635056 тонна ва ҳосилнокӣ 325 сентнерро ташкил медиҳад.
Рафти ҷамъоварии меваю ангур
Ба ҳолати 20.10.2023 мевагиҳои ҷамъоваришуда 434053 тоннаро ташкил медиҳад. Аз он ангур 77311 тонна мебошад.
Рафти шудгор ва кишти тирамоҳию барвақтии зироатҳои кишоварзӣ
Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 20.10.2023 кишоварзони ҷумҳурӣ майдони 74802 гектарро шудгор намуда, дармайдони 51983 гектаркишти тирамоҳӣ ва зироатҳои барвақтиро гузарониданд, ки аз он дар ВМКБ 88 гектар, вилоятҳои Суғд 25981 гектар, Хатлон 20152 гектарва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 5762 гектарро ташкил медиҳад.
Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда
Ба ҳолати 20.10.2023 мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҷумҳурӣ 950 адад гармхонаҳо фаъолият менамоянд, ки майдони умумиашон 166 гектарро ташкил медиҳад.
Дар майдони 22,7 гектар кишти сабзавот, аз ҷумла помидор 8,7 гектар, бодиринг 5,0 гектар ва дар майдони 9,0 гектар дигар намуди сабзавотҳо гузаронида шудааст.