Гузориши матбуотӣ ба санаи 27 октябри соли 2023
Рафти ҷамъоварии ҳосили пахта дар ҷумҳурӣ
Тибқи маълумоти Раёсати растанипарварӣ 175695 гектар пахта кишт карда шудааст.
То санаи 30.10.2023 кишоварзони ҷумҳурӣ аз аввали мавсим ба миқдори 316110 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки аз он дар вилояти Суғд 87709 тонна, Хатлон 224457 тонна ва НТҶ 3944 тоннаро ташкил дода, ҷамъоварӣ бомаром идома дорад.
Рафти ҷамъоварии ғалладонагиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумоти Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 306655 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шудааст.
Ба ҳолати 27.10.2023 майдони 301770 гектар даравида шуд, ки ҳосили умумӣ 929014 тонна ва ҳосилнокӣ 30,9 сентнерро ташкил медиҳад.
Ҷамъоварии ҳосили гандум дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумоти ҷамъбастии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 211858 гектар кишти гандум гузаронида шуд.
Ба ҳолати 27.10.2023 майдони 211858 гектар даравида, 211848 гектар куфта шуд, ки ҳосили умумӣ 704341 тонна ва ҳосилнокӣ 33,2 сентнерро ташкил медиҳад.
Рафти шудгор ва кишти тирамоҳию барвақтии зироатҳои кишоварзӣ
Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 27.10.2023 кишоварзони ҷумҳурӣ майдони 92732 гектарро шудгор намуда, дар майдони 70089 гектар кишти тирамоҳӣ ва зироатҳои барвақтиро гузарониданд, ки аз он дар ВМКБ 132 гектар, вилоятҳои Суғд 34809 гектар, Хатлон 25812 гектар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 9336 гектарро ташкил медиҳад.
Рафти ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумоти Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони умумии 33524 гектар картошка кишт карда шудааст. Ба ҳолати 27.10.2023 майдони ҷамъоваришуда 32148 гектар буда, ҳосили умумӣ 749230 тонна ва ҳосилнокӣ 233 сентнерро ташкил медиҳад.
Рафти ҷамъоварии сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумоти Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 41238 гектар сабзавот кишт карда шудааст.
Ба ҳолати 27.10.2023 майдони ҷамъоваришуда 40992 гектар буда, ҳосили умумӣ 1303563 тонна ва ҳосилнокӣ 318 сентнерро ташкил медиҳад. Аз он пиёз 621474 тонна, карам 47647 тонна, помидор 247780 тонна, бодиринг 118903 тонна, сабзӣ 136305 тонна ва дигар намуди сабзавотҳо 131453 тонна мебошад.
Рафти ҷамъоварии полизиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумоти Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 19513 гектар полизӣ кишт карда шудааст. Ба ҳолати 27.10.2023 майдони ҷамъоваришуда 19511 гектар буда, ҳосили умумӣ 635045 тонна ва ҳосилнокӣ 325 сентнерро ташкил медиҳад.
Рафти ҷамъоварии меваю ангур
Ба ҳолати 27.10.2023 мевагиҳои ҷамъоваришуда 437465 тоннаро ташкил медиҳад. Аз он ангур 79761 тонна мебошад.
Захираи хӯроки чорво
Дар асоси маълумотҳоиРаёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварии вазорат дар ҷумҳурӣ дар соли 2023 тибқи дурнамо 2295760 тонна хӯроки дурушт ва 103222 тонна хӯроки ширадор бояд захира карда шавад.
Баҳолати 27.10.2023 хӯроки дурушт 2313749 тонна ва хӯроки ширадор 74009 тонна захира карда шудааст.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тел: 235-38-63, 235-39-23.