Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизои хушсифат”
02.11.2023 705
Бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати роҳандозӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии соҳаи кишоварзӣ, тақвияти фаъолият, иттилоотонӣ ва баланд бардоштани дониши кишоварзӣ, тарғиби таъмини амнияти озуқаворӣ, омӯзиш ва маълумотноксозии кишоварзон ба истифодаи усул ва технологияҳои нави муосир ва такмили ихтисоси касбӣ 1 ноябри соли 2023 дар ноҳияи Нуробод семинари омӯзишӣ дар мавзӯи "Рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизои хушсифат" доир гардид.
Дар кори семинар муовини вазири кишоварзӣ Назарзода Машокир, Раис ноҳияи Нуробод Ҷобирзода Додарҷон, намояндагони вазорати кишоварзӣ, КВД “Маркази рақамикунони ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”, Муассисаи давлатии "Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ", масъулини соҳаи кишоварзӣ ва хоҷагиҳои алоҳидаи ноҳияҳои минтақаи Рашт иштирок намуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон