Таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
03.11.2023 634
Санаи 3-уми ноябри соли равон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур сардорони раёсату шуъбаҳо ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд.
Чорабиниро муовини якуми вазири кишоварзӣ Носирзода Ҷаббор ифтитоҳ карда, ҳозиринро аз номи роҳбарияти вазорат ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд. Инчунин зикр гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти миллӣ дошта, бо хизматҳои содиқона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардида, дар ин ҳуҷҷати муҳим суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи халқи фарҳангсолори тоҷик инъикос ёфтааст.
Ҳамзамон маърӯзаи сардори Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ Зарипов Анвар оид ба моҳият ва муҳтавои ин санади тақдирсоз, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон