Фестивал - намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ дар ноҳияи Данғара
04.11.2023 669
Санаи 4 ноябри соли равон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҷиҳати таъмини иҷрои дастру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Фестивали намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ” бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар фестивали мазкур чорвоҳои хурду калон аз Филиали муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фуруши чорвои зотӣ дар вилояти Хатлон, Маркази биотехнологияи чорвои Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои тиҷоративу истеҳсолии самти чорвопарварӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат варзиданд.
Дар фестивал муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Машокир, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ, муовини якуми раиси вилояти Хатлон Салимзода Амонулло ва масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоят ташриф оварданд.
Муовини вазири кишоварзӣ Назарзода Машокир ва муовини якуми раиси вилояти Хатлон Салимзода Амонулло дар баромадҳои хеш соҳаи чорводориро яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ ҳисобида, зикр намуданд, ки дар таъмини амнияти озуқавории аҳолии мамлакат бо маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла гӯшту шир ва соҳаи саноат бо ашёи хом мавқеи намоён дорад. Хусусан дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди имрӯзаи соҳа мусоидат кардааст.
Мавриди зикр аст, ки тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 октябри имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2 миллиону 626 ҳазору 973 сар чорвои калон, аз ҷумла 1 миллиону 355 ҳазору 734 модагов, 6 миллиону 622 ҳазору 422 сар гӯсфанду буз ва 87 ҳазор сар асп мавҷуд аст. Дар ин давра 202187,8 тонна гӯшт ва 688925,0 тонна шир истеҳсол шудааст.
Дар фарҷом барои иштироки фаъол як қатор шахсоне, ки дар рушди соҳа саҳм доранд бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон