Мулоқоти муовини вазири кишоварзӣ бо президенти “IBT Education & Technology Group”
Санаи 7 ноябри соли равон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини вазир Нигина Анварӣ бо президенти “IBT Education & Technology Group” Джо Шоукур баргузор гардид.
Инчунин дар мулоқот муовини Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаинзода Зарина, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ ва муовини ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур Мирзоализода Тоҳир иштирок намуданд.
Ҷонибҳо дар мулоқот оид ба дастовардҳои хеш ҳарф зада, ҳавасмадии худро ҷиҳати ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти кумаки молиявию техникӣ, ташкили марказҳои омӯзишӣ барои занону духтарон, табодули таҷриба, омодасозии кадрҳо, рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ, дастгирӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти нави инноватсионии кишоварзӣ ва дигар масъалаҳо изҳори назар намуданд.
Ҷиҳати пешбурди кор Ёддошти тафоҳум байни КВД “Маркази рақамикунонӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “IBT Education & Technology Group”-и Ҷумҳурии Канада ба имзо расонида шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон