Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоМулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон

Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон

09.11.2023 550

Санаи 9 ноябри соли равон мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо намояндаи Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон Иброҳим Этҳем Унал баргузор гардид.
Дар доираи мулоқот ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъдаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ҷиҳати ҳамкориҳои судманди дуҷониба ва амали намудани лоиҳаҳо изҳори сипос намуданд. Қайд гардид, ки дар оянда низ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун аз ҷумла, омӯзиш таҷрибаи пешқадами кишоварзони Туркия, воридоти чигит, тухми картошка ва дигар зироатҳо, техникаи кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон саривақт аламӣ карда шавад.
Намояндаи Агентии Туркия Иброҳим Этҳем Унал аз қабули самимона ва меҳмондӯстии мардуми Тоҷикистон изҳори сипос намуда, ҳавасмандии худро барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои растанипарварӣ, тухмипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ, бунёди корхонаи хурди банду басти мева, омӯзиши мутахассисони соҳа, самтҳои афзалиятноки соҳа ва амали намудани таҷрибаи рушдёфтаи Туркия дар Тоҷикистон баён намуд.
Дар фарҷом ҷонибҳо ҳавасмадии хешро ҷиҳати баррасии саривақтии лоиҳаҳои дар оянда амалишаванда баён намуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон