Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоГузориши матбуотӣ ба санаи 10.11.2023

Гузориши матбуотӣ ба санаи 10.11.2023

13.11.2023 786

Рафти ҷамъоварии ҳосили пахта дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Тибқи маълумоти Раёсати растанипарварӣ то санаи 12.11.2023 кишоварзони ҷумҳурӣ аз аввали мавсим ба миқдори 352235 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки аз он дар вилояти Суғд 103502 тонна, Хатлон 244416 тонна ва НТҶ 4312 тоннаро ташкил дода, ҷамъоварӣ бомаром идома дорад.

Ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 306655 гектар кишти ғалладонагиҳо  гузаронида шуд.

Ба ҳолати 10.11.2023 дар майдони 304223 гектар даравида, 304223 гектар куфта шуд, ки ҳосили умумӣ 948829 тонна ва ҳосилнокӣ 31,2 сентнерро ташкил медиҳад.

Ҷамъоварии ҳосили гандум дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии ҷамъбастии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 211858 гектар кишти гандум  гузаронида шуд.

Ба ҳолати 10.11.2023 дар майдони 211858 гектар даравида, 211848 гектар куфта шуд, ки ҳосили умумӣ 704341 тонна ва ҳосилнокӣ 33,2 сентнерро ташкил медиҳад.

Рафти шудгор ва кишти тирамоҳию барвақтии зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 10.11.2023 кишоварзони ҷумҳурӣ майдони 121330 гектарро шудгор намуда, дар майдони 86279 гектар кишти тирамоҳӣ ва зироатҳои барвақтиро гузарониданд, ки аз он дар ВМКБ 189 гектар, вилоятҳои Суғд 36576 гектар, Хатлон 36088 гектар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 13426 гектарро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони умумии 33524 гектар картошка кишт карда шудааст.

Ба ҳолати 10.11.2023 майдони ҷамъоваришуда 32985 гектар буда, ҳосили умумӣ 790076 тонна ва ҳосилнокӣ 240 сентнерро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 10.11.2023 дар майдони 41239 гектар сабзавот кишт карда шудааст.

Майдони ҷамъоваришуда 41131  гектар буда, ҳосили умумӣ 1310372 тонна ва ҳосилнокӣ 319 сентнерро ташкил медиҳад. Аз он пиёз 622101 тонна, карам 47777 тонна, помидор 248226 тонна, бодиринг 119187 тонна, сабзӣ 136990 тонна ва дигар намуди сабзавотҳо 136090 тонна мебошад.

Рафти ҷамъоварии полизиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 10.11.2023 дар майдони 19514 гектар полизӣ кишт карда шудааст. Майдони ҷамъоваришуда 19514 гектар буда, ҳосили умумӣ 640968 тонна ва ҳосилнокӣ 328 сентнерро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии меваю ангур

Ба ҳолати 10.11.2023 мевагиҳои ҷамъоваришуда 455002 тоннаро ташкил медиҳад. Аз он ангур 81732 тонна мебошад.

Захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар анборхонаҳо

Мувофиқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ оид базахираи маҳсулоти кишоварзӣ дар анборхонаҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 10.11.2023 ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 658854 тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира карда шудааст.

Аз он мевагӣ 11149 тонна - себ 10512 тонна, нок 242 тонна, дигар мевагиҳо 395 тонна, ангур 2420 тонна, картошка 167324 тонна, сабзавот ҳамагӣ 391076 тонна, аз он сабзӣ 6575 тонна, пиёз 382859 тоннаро ташкил медиҳад.

Ғалладонагиҳо ҳамагӣ 85243 тонна, аз он гандум 72167 тонна  ва шолӣ 13076 тонна мебошад.

Захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаҳо

Мувофиқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ оид ба захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 10.11.2023 ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 9236 тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира карда шудааст.

Аз он мевагӣ 4126 тонна - себ 4056 тонна, 70 тонна биҳӣ, ангур 1560 тонна, картошка 1266 тонна, сабзавот ҳамагӣ 2284 тонна, аз он сабзӣ 144 тонна, пиёз 1490 тонна ва дигар маҳсулотҳо 650 тоннаро ташкил медиҳад.

Фаъолияти гармхонаҳо

Ба ҳолати 10.11.2023 мувофиқи маълумоти фаврӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҷумҳурӣ 950 адад гармхонаҳо фаъолият менамоянд, ки майдони умумиашон 166 гектарро ташкил медиҳад.

Дар майдони 43,9 гектар кишти сабзавот, аз ҷумла помидор 16,2 гектар, бодиринг 9,3 гектар ва дар майдони 18,5 гектар дигар намуди сабзавотҳо гузаронида шудааст.

Маркази  матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел: 235-38-63, 235-39-23.