Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоСеминари илмию амалии минтақавӣ дар мавзӯи “Технологияи кишт бо техникаи муосири лазерӣ барои гузаронидани кишти зироатҳои ғалладонагӣ дар заминҳои обӣ”

Семинари илмию амалии минтақавӣ дар мавзӯи “Технологияи кишт бо техникаи муосири лазерӣ барои гузаронидани кишти зироатҳои ғалладонагӣ дар заминҳои обӣ”

17.11.2023 406

Санаи 17 ноябри соли равон дар хоҷагии ҶДММ “Латиф Муродов”-и шаҳри Ҳисор семинари илмӣ-амалии минтақавӣ дар мавзӯи “Технологияи кишт бо техникаи муосири лазерӣ барои гузаронидани кишти зироатҳои ғалладонагӣ дар заминҳои обӣ” баргузор гардид.
Дар семинари мазкур Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар, муовини якум ва муовини вазири кишоварзӣ Носирзода Ҷаббор ва Зеваршои Зеваршо, Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур Маҳмадёрзода Усмон, ноиби Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Амиршоев Файзулло, Директори КВДҶ “Тоҷикагролизинг” Акрамзода Юсуф, олимону мутахассисони соҳа, намояндагони раёсатҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Ҳисор ва хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок намуданд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон зимни баромад доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи оқилонаи замину об, риояи агротехникии зироатҳо, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, рӯёнидани ду се ҳосил, таъмини фаровонии бозорҳо ва амнияти озуқавории мамлакат андешаҳои хешро иброз намуданд.
Дар қисми назариявии семинар дар мавзуи “Агротехникаи парвариши зироатҳои ғалладонагӣ дар заминҳои обӣ ва пешниҳоди навъҳои тухмии ватанӣ ва хориҷӣ» - Толиб Набиев – профессори кафедраи растанипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, дар мавзуи “Афзалияти мошинолотҳои лазерӣ дар ҳамвор намудани заминҳои кишоварзӣ” – Ҳоҷиев Бахтиёр - номзади илмҳои техникӣ, мудири кафедраи мошинҳои кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва дар мавзуи “Аҳамияти заҳролудкунии тухмии зироатҳои ғаллагӣ пеш аз кишт ва мубориза бар зидди касалию ҳашаротҳои зараровар дар кишти ғалладонагиҳо» - Толиҳов Ҷамшед – номзади илмҳои кишоварзӣ, мудири шуъбаи ҳимояи набототи Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон маърӯза намуданд.
Инчунин дар қисми амалии семинар дар саҳро муовини директори КВДҶ “Тоҷикагролизинг” Муминов Ботур оид ба истифодаи мошинолоти лазерӣ барои гузаронидани кишти зироатҳои ғалладонагӣ дар заминҳои обӣ баромад намуд.
Дар фарҷом аз ҷониби Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ва Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ҷиҳати саривақтии иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони хоҷагиҳо ва кишоварзон маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон