Баргузории “Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ” ва муаррифии дастовардҳои соҳаи чорводорӣ
19.11.2023 674
Санаи 18 ноябри соли равон дар шаҳри Ваҳдат ҷиҳати таъмини иҷрои дастру супоришҳои Асосгузори сулҳу вҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Фестивали намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ” бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар фестивали мазкур Филиали муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фуруши чорвои зотӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Маркази биотехнологияи чорвои Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Зотпарвар”-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди ҲҶТ, Муассисаи давлатии минтақавии ноҳияи Шаҳринав оид ба парвариши зоти гӯсфанди ҳисорӣ иштирок намуданд. Ҳамзамон Ҷамъиятҳои дорои масъулияташ маҳдуд, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои тиҷоративу истеҳсолӣ аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Дар фестивал Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон ва Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон дар аснои баромаду суҳбатҳо бо хоҷагидорон ва масъулин самти чорводориро яке аз бахшҳои муҳим ва афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ ҳисобиданд. Инчунин қайд гардид, ки рушди соҳа зери таваҷҷуҳу ғамхории ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Мавриди зикр аст, ки тибқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 1 ноябри соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2631471 сар чорвои калон, аз ҷумла 1358947 модагов, 6618342 сар гӯсфанду буз ва 86936 сар асп мавҷуд аст. Дар ин давра 253073 тонна гӯшт ва 795317 тонна шир истеҳсол карда шудааст.
Тибқи таҳлилҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калон 124416 сар, аз ҷумла модагов 57305 сар, гӯсфанду буз 355795 сар, асп 1716 сар, истеҳсоли гӯшт 25772 тонна ва шир 35446 тонна зиёд мебошад.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи “Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 203-2027”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.03.2023, №52 тасдиқ гардидааст, барои рушди минбаъдаи соҳа мусоидат мекунад.
Дар фарҷом аз ҷониби Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон ва Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон як қатор шахсоне, ки дар рушди соҳа саҳм доранд бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон