Гузориши матбуотӣ ба санаи 20.11.2023
Рафти ҷамъоварии ҳосили пахта дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ
Тибқи маълумоти Раёсати растанипарварӣ то санаи 20.11.2023 кишоварзони ҷумҳурӣ аз аввали мавсим ба миқдори 369265 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки аз он дар вилояти Суғд 108885 тонна, Хатлон 255771 тонна ва НТҶ 4604 тоннаро ташкил дода, ҷамъоварӣ бомаром идома дорад.
Ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 306655 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шуд.
Ба ҳолати 17.11.2023 майдони 304472 гектар даравида, 304472 гектар куфта шуд, ки ҳосили умумӣ 949342 тонна ва ҳосилнокӣ 31,2 сентнерро ташкил медиҳад.
Рафти шудгор ва кишти тирамоҳию барвақтии зироатҳои кишоварзӣ
Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 17.11.2023 кишоварзони ҷумҳурӣ майдони 147601 гектарро шудгор намуда, дар майдони 102919 гектар кишти тирамоҳӣ ва зироатҳои барвақтиро гузарониданд, ки аз он дар ВМКБ 203 гектар, вилоятҳои Суғд 36895 гектар, Хатлон 50362 гектар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 15458,8 гектарро ташкил медиҳад.
Рафти ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони умумии 33524 гектар картошка кишт карда шудааст. Ба ҳолати 17.11.2023 майдони ҷамъоваришуда 33025 гектар буда, ҳосили умумӣ 790583 тонна ва ҳосилнокӣ 239 сентнерро ташкил медиҳад.
Рафти ҷамъоварии сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дар майдони 41239 гектар сабзавот кишт карда шудааст.
Ба ҳолати 17.11.2023 айдони ҷамъоваришуда 41151 гектар буда, ҳосили умумӣ 1313231 тонна ва ҳосилнокӣ 319 сентнерро ташкил медиҳад. Аз он пиёз 622165 тонна, карам 47788 тонна, помидор 248276 тонна, бодиринг 119208 тонна, сабзӣ 137107 тонна ва дигар намуди сабзавотҳо 138686 тонна мебошад.
Рафти ҷамъоварии полизиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 19514 гектар полизӣ кишт карда шудааст. Ба ҳолати 17.11.2023 майдони ҷамъоваришуда 19514 гектар буда, ҳосили умумӣ 640968 тонна ва ҳосилнокӣ 328 сентнерро ташкил медиҳад.
Рафти ҷамъоварии меваю ангур
Ба ҳолати 17.11.2023 мевагиҳои ҷамъоваришуда 456107 тоннаро ташкил медиҳад. Аз он ангур 83983 тонна мебошад.
Захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар анборхонаҳо
Мувофиқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ оид базахираи маҳсулоти кишоварзӣ дар анборхонаҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 17.11.2023 ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 660806 тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира карда шудааст.
Аз он мевагӣ 11211 тонна - себ 10574 тонна, нок 242 тонна, дигар мевагиҳо 395 тонна, ангур 2420 тонна, картошка 168410 тонна, сабзавот ҳамагӣ 391498 тонна, аз он сабзӣ 6648 тонна, пиёз 382859 тоннаро ташкил медиҳад.
Ғалладонагиҳо ҳамагӣ 85276 тонна, аз он гандум 72200 тонна ва шолӣ 13076 тонна мебошад.
Захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаҳо
Мувофиқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ оид базахираи маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 17.11.2023 ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 10206 тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира карда шудааст.
Аз он мевагӣ 4286 тонна - себ 4216 тонна, 70 тонна биҳӣ, ангур 1720 тонна, картошка 1876 тонна, сабзавот ҳамагӣ 2324 тонна, аз он сабзӣ 144 тонна, пиёз 1490 тонна ва дигар маҳсулотҳо 650 тоннаро ташкил медиҳад.
Фаъолияти гармхонаҳо
Ба ҳолати 17.11.2023 мувофиқи маълумоти фаврӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҷумҳурӣ 950 адад гармхонаҳо фаъолият менамоянд, ки майдони умумиашон 166 гектарро ташкил медиҳад.
Дар майдони 48,6 гектар кишти сабзавот, аз ҷумла помидор 18,9 гектар, бодиринг 10,7 гектар ва дар майдони 19,1 гектар дигар намуди сабзавотҳо гузаронида шудааст.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тел: 235-38-63, 235-39-23.