ГӮСФАНДИ ҲИСОРӢ – ИФТИХОРИ ХАЛҚИ ТОҶИК
Гӯсфандони зоти ҳисорӣ таърихи пайдоиши қадимӣ дошта, аз рӯи самти маҳсулнокӣ ба зотҳои мадании муосир мансуб буда, дорои нишондодҳои баланди маҳсулнокии гӯшту равғанӣ мебошанд. Гӯсфандони зоти ҳисорӣ ҳанӯз дар асрҳои XII–XIII бо заҳмати бевоситаи чорводорон ва халқи тоҷик, ба вуҷуд оварда шудааст. Номи зоти гӯсфанди ҳисорӣ аз минтақаи парвариши он, ки дар давраи бекигарии Ҳисор мавҷуд буданд, яъне водии Ҳисор пайдо шудааст. Дар соли 1298 сайёҳи машҳур Марко Полло гӯсфанди зоти ҳисориро шарҳ дода, чунин қайд мекунад: «Гӯсфанд ба монанди маркаб, думбаи он ғафсу калон бо вазни гуногун ба миқдори дар ҷусса 30 фунт, гӯсфандони фарбеҳи равғанӣ, дорои гӯшти лазиз». Дар соли 1912 гӯсфандони зоти ҳисорӣ дар намоишгоҳ дар шаҳри Москва намоиш дода шуда, барои ҷуссаи калон ва вазни зиндаи онҳо баҳои баланд дода шудааст. Бори аввал гӯсфандони зоти ҳисорӣ солҳои 1916 аз ҷониби олимон Червинский Н.П. ва Елагин В.Б. шарҳ дода шудааст, вале онҳо танҳо солҳои 1927-1928 дар Тоҷикистон аз ҷониби экспедитсияи Институти зоотехникии Москва ба таври муфассал омӯхта шуд. Натиҷаҳои кори экспедитсияро Азаров С.Г. соли 1928 дар китоби «Гӯсфандони ҳисорӣ» ва соли 1930 дар қисми «Гӯсфандони ҳисорӣ» дар китоби Азаров С.Г. ва Бригис О.И. «Гӯсфандпарварӣ дар Тоҷикистон» оварда шудаанд. Баъдан хусусиятҳои гӯсфандони зоти ҳисорӣ ва натиҷаҳои беҳтар намудани он дар асару китобҳои Лебедев И.Г. (1952), Кияткин П.Ф. (1968), Фарсихонов С.Э. (1981), Фарсихонов С.И., Раҳимов Ш.Т., Хайитов А.Х. (2000) ва дигарон муфассал тавсиф шудаанд. Айни замон саршумори зоти гӯсфандони ҳисорӣ дар Тоҷикистон беш аз 1,5 млн. сарро ташкил мекунад. Барои парвариши он дар ҷумҳурӣ 7 заводу хоҷагиҳои зотпарварӣ машғуланд. Бо шарофати вазни зиндаи калонтарин дар арсаи ҷаҳон минтақаи парваришу афзоишдиҳии гӯсфандони зоти ҳисорӣ танҳо дар Тоҷикистон маҳдуд нест. Тайи солҳои гуногун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯсфандони зоти ҳисорӣ ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, инчунин ба Федератсияи Руссия, Украина ва Белоруссия интиқол дода шуда, парвариш карда мешаванд. Саршумори беҳтарини гӯсфандони зоти ҳисорӣ дар заводҳои зотпарварии «Ҳисор»-и ноҳияи Фархор, КВД «Зотпарвар»-и Ҳисор ва Шаҳринав, кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон»-и Данғара, «Дилшод-Б»-и ноҳияи Варзоб ва як қатор дигар хоҷагиҳо парвариш меёбанд. Ин хоҷагиҳо дар парваришу афзоишдиҳии гӯсфандони хушзоту баландмаҳсул нақши асосӣ доранд. Мисол, дар натиҷаи таҳқиқотҳои илмии бисёрсола дар ҳамкорӣ бо хоҷагидорон дар заводи зотпарварии «Ҳисор»-и ноҳияи Фархор типи нави «Фархорӣ»-и ин зот офарида шудааст. Типи мазкур соли 1989 аз ҷониби Кумитаи давлатӣ оид ба корҳои ихтироот ва кашфиёти Иттиҳоди ҷумҳуриҳои шӯравии сотсиалистӣ (СССР) дар Феҳристи давлатии дастовардҳои селексонӣ ба қайд гирифта шуда, шаҳодатномаи муаллифӣ дода шудааст. Дар фармони Кумитаи давлатии агросаноатии Иттиҳоди ҷумҳуриҳои шӯравии сотсиалистӣ (СССР) аз 02.08.1989, таҳти№ 58-ПК-2 «Оид ба типи нави заводии гӯсфандони зоти ҳисорӣ» дарҷ шудааст, ки гӯсфандони типи нави заводӣ ҷуссаи бузург дошта, вазни зиндаи қӯшқорҳои наслдеҳ ба ҳисоби миёна 135-140 кг, мешҳо 85-90 кг, барраҳои нарина ва модина дар вақти аз модар ҷудокунӣ дар сини 3,5-4 моҳагӣ, мутаносибан 40-43 ва 35-39 кг, дар 1,5 солагӣ 85-72 кг–ро ташкил медиҳад. Ба ҳар сар меш ба ҳисоби миёна дар рамма то 50 кг – гӯшт бо вазни зинда истеҳсол шуда, вазн афзункунии шабонарӯзии барраҳо ҳангоми парвариши интенсивӣ то 227 грамм мерасад. Дар айни замон дар ду хоҷагии зотпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи олимону мутахассисон корҳои селексионӣ оид ба офаридани типи нави заводӣ, бономи «Шаҳринавӣ» дар марҳилаи анҷомёбист. Саршумори селексионии типи офаридашуда бо нишондиҳандаҳои зерини маҳсулнокӣ шарҳ дода мешаванд: вазни зиндаи қӯшқорҳои наслдеҳ 135-145 кг, дар беҳтаринҳо то 175 кг, мешҳо-85-90 кг, дар беҳтаринҳо то 135 кг. Гӯсфандони типи мазкур дар баробари вазни зиндаи баланд, инчунин дорои маҳсулнокии пашм низ мебошанд. Нақши гӯсфандони зоти ҳисорӣ дар такмилдиҳии маҳсулнокии гӯсфандони зоти думбадор ва офаридани зотҳои нав дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазокистон хеле калон мебошад. Масалан, бо истифодабарии гӯсфандони зоти ҳисорӣ дар Тоҷикиситон зоти гӯсфандони тоҷикии сергӯшту равған ва серпашми тоҷикӣ, дар Қазоқистон зотҳои думбадори «ордабасинӣ», ниммаҳинпашми «актюбинӣ», дар Ӯзбекистон зоти сергӯшту равған ва серпашми «устюртӣ», инчунин зотҳои думбадори «келесӣ» ва «андиҷонӣ» офарида шудаанд. Ин корҳо ҳоло низ идома доранд. Мактаби илмии гӯсфандпарварони Тоҷикистон дар худуди минтақа ҳанӯз аз соли 1947 раҳнамою пешбари ин соҳаи муҳим баҳисоб мераванд. Тавассути меҳнати тӯлонии олимон ва таҳқиқотҳои илмӣ зиёда аз 30 рисолаҳои докторию номзадӣ дифоъ гардидаанд. Аз ҷумлаи онҳо, докторони илм, профессорон: Лебедев И.Г., Форсихонов С.И., Ҳайитов А.Ҳ., Раҳимов Ш.Т., Ҷӯраева У.Ш., номзадҳои илм: Осипов В.А., Гусейнов А.М., Сафаралиев Ғ., Икромов Ф.М., Бобокалонов И.И., Раҷабов Н.А., Отаева М., Давлатов Х.Қ., ТурдиқуловТ. ва дигарон.
Бо баррасии масъала мо мехоҳем хотирасон намоем: - зоти гӯсфандони ҳисорӣ моликият ва ифтихори халқи тоҷик мебошанд! - мо ба меҳнати олимону мутахассисон ва фермерони давлатҳои ҳамсоя доир ба истифодабарии зоти гӯсфандони ҳисорӣ дар такмилдиҳии зотҳои мавҷуда ва офаридани ҷинсу зотҳои нави гӯсфандон эҳтиром мегузорем! - дар оянда васеъ намудани минтақаи парваришу афзоишдиҳии гӯсфандони зоти ҳисориро дастгирӣ менамоем. - омода ҳастем оид ба масъалаҳои рӯзмарраи соҳаи чорводорӣ симпозиум, семинару конфронсҳои илмии байналмилаллӣ ва минтақавӣ доир намоем. Дар робита ба ин, мо аз олимону мутахассисон ва фермерон, инчунин аз ҳаммаи он нафароне, ки ба парвариши гӯсфандони зоти ҳисорӣ машғуланд, эҳтиромона даъват менамоем, ки «минбаъд ҳар падидаро бо номи худном баранд». Масалан, мо дар шабакаи интернетӣ дар бораи зоти нави гӯсфанд - «Арашан», ки дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба вуҷуд овардаанд, воқиф гардидем ва аз рӯи адолат мебуд, агар ин гӯсфандон: «типи арашанӣ» - и гӯсфандони зоти ҳисорӣ дар Қирғизистон номгузорӣ менамуданд. Бинобар ин мо, аз ташкилотҳои бо салоҳият ва шахсони масъули давлатҳои ҳамсоя ва Иттиҳоди мустақил даъват менамоем, ки ҳангоми тасдиқи дастовардҳои селексонӣ дар соҳаи чорводорӣ бо ҳамдигар мубодилаи иттилоотӣ намоянд. Бешубҳа зоти гӯсфанди ҳисорӣ моликият ва ифтихори халқи Тоҷикистон аст!
РаҳимовШ.Т.
ИкромовФ.М.
ДавлатовХ.Қ.
БобокалоновИ.И.
ОтаеваМ.
Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ