Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоДар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид

Дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид

24.11.2023 611

Санаи 23 ноябри соли равон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовинони вазир Нигина Анварӣ ва Зеваршои Зеваршо бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар оғози ҷамъомад муовини вазир Нигина Анварӣ ҳамаи иштирокчиёнро аз номи Роҳбарияти вазорат бо таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.
Дар суханронии худ қайд намуд, ки Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мақоми хоса дошта, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ин суннати аҷдодӣ таърихи беш аз 4000-сола дорад. Аҷдодони мо ҳанӯз аз замони қадим соҳиби Парчам буданд ва дар адабиёти қадимаи миллат он бо номи дирафш ёд мешавад. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши ковиён» ном дошт. Хушбахтона, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24 ноябр «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон шуд, ки он таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон гардид.
Инчунин муовини сардори Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ Маҳмадшоҳ Идиев дар мавзӯи «Парчам рамзи давлатдорӣ ва ватанпарварӣ» маърӯза намуд.
Дар анҷом муовинони вазири кишоварзӣ Нигина Анварӣ ва Зеваршои Зеваршо бори дигар ҳозиринро бахшида ба «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муборакбод намуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон