Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБаргузории "Фестивал-намоиш, фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокиҳо аз он"

Баргузории "Фестивал-намоиш, фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокиҳо аз он"

26.11.2023 738

Санаи 26-уми ноябри соли равон дар “Бозори Меҳргон”-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастаги бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо “Фестивал-намоиш, фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокиҳо аз он”-ро баргузор карда шуд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур тарғиби рушди маҳсулот, муаррифии дастранҷи деҳқон, мубодилаи таҷриба ва ҳамоҳангсозии илм бо истеҳсолот мебошад.
Ҳамзамон барои сокинони пойтахт ва иштирокнорон намудҳои гуногуни картошка ва хӯрокҳои омодашуда аз он ба намоиш гузошта шуда, инчунин ярмаркаи фурӯши картошка барои харидорон баргузор шуд, ки бо нархҳои дастрас харидорӣ намуданд.
Дар Фестивали мазкур Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, муовини Раиси шаҳри Душанбе Абураҳмонзода Абдураҳмон, роҳбарон ва намояндагони вазорату кумита ва агентиҳои ҷумҳурӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, раёсатҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳо ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон ба кишоварзон ва иштирокдорони Фестивал барои фаъолияти беҳтарин ва дастовардҳои шоиста дар соҳаи кишоварзӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудан изҳори сипос намуда, оиди ғамхориву дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар карданд.
Дар фарҷом барои номинатсияҳои беҳтарин ва иштироки фаъолона бо Диплому Сипоснома ва туҳфаҳо ва ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар соли 2023 кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 55527 гектар картошка кишт намуданд. Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 ноябри соли равон 989742 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 50 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон