Гузориши матбуотӣ ба санаи 27.11.2023
Рафти ҷамъоварии ҳосили пахта дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ
Тибқи маълумоти Раёсати растанипарварӣ то санаи 27.11.2023 кишоварзони ҷумҳурӣ аз аввали мавсим ба миқдори 384707 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки аз он дар вилояти Суғд 110122 тонна, Хатлон 269856 тонна ва НТҶ 4724 тоннаро ташкил дода, ҷамъоварӣ бомаром идома дорад.
Ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 306655 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шуд.
Ба ҳолати 24.11.2023 майдони 306576 гектар даравида, 304862 гектар куфта шуд, ки ҳосили умумӣ 950521 тонна ва ҳосилнокӣ 31,2 сентнерро ташкил медиҳад.
Рафти шудгор ва кишти тирамоҳию барвақтии зироатҳои кишоварзӣ
Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 24.11.2023 кишоварзони ҷумҳурӣ майдони 189127 гектарро шудгор намуда, дар майдони 136422 гектар кишти тирамоҳӣ ва зироатҳои барвақтиро гузарониданд, ки аз он дар ВМКБ 2011 гектар, вилоятҳои Суғд 37085 гектар, Хатлон 76986 гектар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 20324,8 гектарро ташкил медиҳад.
Рафти ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони умумии 33524 гектар картошка кишт карда шудааст. Ба ҳолати 24.11.2023 майдони ҷамъоваришуда 33038 гектар буда, ҳосили умумӣ 791098 тонна ва ҳосилнокӣ 239,5 сентнерро ташкил медиҳад.
Рафти ҷамъоварии сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дар майдони 41239 гектар сабзавот кишт карда шудааст.
Ба ҳолати 24.11.2023 майдони ҷамъоваришуда 41161 гектар буда, ҳосили умумӣ 1313502 тонна ва ҳосилнокӣ 319 сентнерро ташкил медиҳад. Аз он пиёз 622165 тонна, карам 47788 тонна, помидор 248276 тонна, бодиринг 119208 тонна, сабзӣ 137107 тонна ва дигар намуди сабзавотҳо 138957 тонна мебошад.
Рафти ҷамъоварии полизиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣдар ҷумҳурӣ дар майдони 19514 гектар полизӣ кишт карда шудааст. Ба ҳолати 24.11.2023 майдони ҷамъоваришуда 19514 гектар буда, ҳосили умумӣ 640968 тонна ва ҳосилнокӣ 328 сентнерро ташкил медиҳад.
Рафти ҷамъоварии меваю ангур
Ба ҳолати 24.11.2023 мевагиҳои ҷамъоваришуда 456107 тоннаро ташкил медиҳад. Аз он ангур 83983 тонна мебошад.
Захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар анборхонаҳо
Мувофиқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ оид базахираи маҳсулоти кишоварзӣ дар анборхонаҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 24.11.2023 ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 672729 тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира карда шудааст.
Аз он мевагӣ 11311 тонна - себ 10592 тонна, нок 259 тонна, дигар мевагиҳо 460 тонна, ангур 3168 тонна, картошка 176580 тонна, сабзавот ҳамагӣ 392451 тонна, аз он сабзӣ 8409 тонна, пиёз 381589 тоннаро ташкил медиҳад.
Ғалладонагиҳо ҳамагӣ 86766 тонна, аз он гандум 72790 тонна ва шолӣ 13976 тонна мебошад.
Захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаҳо
Мувофиқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ оид базахираи маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 24.11.2023 ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 10231 тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира карда шудааст.
Аз он мевагӣ 4304 тонна - себ 4231 тонна, 73 тонна биҳӣ, ангур 1723 тонна, картошка 1876 тонна, сабзавот ҳамагӣ 2328 тонна, аз он сабзӣ 148 тонна, пиёз 1490 тонна ва дигар маҳсулотҳо 650 тоннаро ташкил медиҳад.
Фаъолияти гармхонаҳо
Ба ҳолати 24.11.2023 мувофиқи маълумоти фаврӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҷумҳурӣ 950 адад гармхонаҳо фаъолият менамоянд, ки майдони умумиашон 166 гектарро ташкил медиҳад.
Дар майдони 54,5 гектар кишти сабзавот, аз ҷумла помидор 20,5 гектар, бодиринг 11,6 гектар ва дар майдони 22,5 гектар дигар намуди сабзавотҳо гузаронида шудааст.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тел: 235-38-63, 235-39-23.